Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУНСАРЕҲ

МУНСАРЕҲ

moreМУНСАРЕҲ (арабӣ- осон, равон), номи яке аз баҳрҳои ф а р ъ и и арӯз. Ин баҳрро барон он Мунсареҳ меноманд, ки вазнҳои он шӯху сабук буда, рукнҳои ватабаш нисбат ва ватадаш муқаддамтаранд. Мунсареҳ рукни махсус надошта, дар асоси омезиши рукни аслии баҳри раҷаз (мустафъилун) ва рук­ни ч о р у м (мафъӯлоту) ба вуҷуд меояд. Шакли солими баҳри Мунсареҳ

(мустафъилун / мафъӯлоту/мустафъилув/мафъулоту) маъмул нест. Ба­рои сохтани дигар навъҳои Мунсареҳ аз рукни мустафъилун зиҳофҳои матнӣ — муфтаилун; махбун — мафойлун; мақтӯъ — мафъӯлун ва аз рук­ни мафъӯлоту зиҳофҳои матвӣ — фоилоту; махбун— мафойлу; матвӣ мавқуф — фоилон; матвии максуф— фоилун; маҷдӯъ — фоъ; манҳур — фаъ истифода мебаранд. Аз омезиши зиҳофҳои рукнҳои солими Мунсареҳ ҳафт навъи авзон дар шаклҳои мусамману мусаддасу мураббаъ ҳосил мешаванд. Мисолҳо барои Мунсареҳ:

Мунсареҳи мусаммани матвии мавқуф:

(—W—/—V ~ /_ V V—/—V ~)

Он ки дилам сайди ӯст, мири

шикори ман аст. Даст ба хунам нигор карда,

нигори ман аст.

( Сайфӣ).

Мунсареҳи мусаммани матвии максуф:

(— V V—/—V—V—/—V _)

Пушти дутои фалак рост шуд аз хуррамӣ.

 То чу ту фарзанд зод модари айёмро.

(Саъдӣ).

Мунсареҳи мусаммани матвии мақтӯъ:

(—W—/—V—V/  )

Баски ба мӯят асир шуд ҷонам,

Гар бигузорӣ, гурехт натвонам.

Адабиёт: Б е р т е л  с Е. Э., Грамматика персидского языка, Ленинград, 1926; Б а ҳром С я рус, Арӯзи тоҷикӣ, Душанбе, 1963; Зеҳнӣ Т., Санъати сухан, Душанбе, 1979;

У. Тоиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …