Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУНОЗИРА

МУНОЗИРА

munoziraМУНОЗИРА, мунзаара (арабӣ— баҳс ва гуфтугӯ бо касе оид ба ягон масъала), асари манзумест, ки дар он ду предмет, ду тарафи муқобил ва ё ду ҳариф доир ба кашфи ҳақиқати ягон масъала, ё бартарии фазилатҳои шахсии хеш бо ҳамдигар баҳсу мунозира мекунанд. Дар Мунозира тарафҳо бартарии фазлу камол ва қудрату тавоноии худро нисбат ба ҳамдигар бо далелҳои мантиқию суханони пухта баён кар­да, дар охир одатан яке аз ҳарифон бар дигаре ғолиб меояд, ё ин ки Мунозираи онҳо бо сулҳу сафо анҷом меёбад. Дар масъалаи баёни муносибати байниҳамдигарии тарафҳои муқобил, мағлуб шудану ғолиб омадани яке аз онҳо, мавқеи шоир, мақсади ӯ, талқини ақидае, ки вай назди худ гузоштааст, роли ҳалкунанда мебозад. Мақсади шоир одатан дар хотимаи Мунозира ҷамъбаст мешавад. Дар Мунозира шоирон аксаран аз тамсил ва санъати ташхис истифода мебаранд. Шоирони форс-тоҷик Мунозираҳоро бештар дар шакли қасида, қитъа ва маснавӣ навиштаанд. Мунозира аз ҷиҳати таърихӣ пайдоиш ба давраҳои қадими адабиёти хаттии халқҳои эронӣ тааллуқ дошта, намунаи он мазумаи «Дарахти Асурӣ» мебошад. Дар таърихи адабиёти классикии форс- тоҷик аввалин шахсе, ки Мунозира навиштааст, Асадии Тӯсӣ буда, бо унвони «Замину Осмон», «Арабу Аҷам», «Габру Мусулмон», «Камону Найза» ва «Шабу Рӯз» панҷ Мунозира навиштааст. Дар асрҳои 11—12 Унсурӣ, Муиззӣ, Анварӣ ва дигар низ Мунозира («Зоғу Боз», «Гулу Сарв», «Килку Теғ ва ғайра) эҷод кардаанд. Аз асри 12 шоирон Мунозираро дар шакли маснавӣ менавиштагӣ шуданд. «Мунозираи Шамъу Парвона»-и Саъдӣ, «Мунозираи Парвонаю Булбул»-и Салмони Соваҷӣ, «Моҷарои Шабу Рӯз»-и Низории Қақисто­нӣ ва дар асри 15 «Мунозираи Замину Осмон»-и Орифи Хиравӣ, «Гӯю Чавгон»-и Толиби Ҷоҷармӣ ва ғайра аз ҷумлаи онҳоанд. Дар адабиёти советии тоҷик низ Мунозира маъмул гардидааст. Macалан Суҳайлӣ, Зеҳнӣ, Деҳотӣ («Лампаю Чароғи электрик») ва дигар Мунозира навиштаанд.

Адабиёт:    Б ертельс Е. Э., История персидско-таджикской литературы, Москва , I960; ҳамон муаллиф. Пятое мунозаре Асади Тусского, «Учёные записки Института востоковедения Академии Наук Союза Советсчких  Социалистических Республик», том 19, 1958.

С. Имронов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …