Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУНОСИБАТ

МУНОСИБАТ

munosibatМУНОСИБАТ, муносабат (арабӣ —бо ҳам нисбатдорӣ; алоқа, пайвастагӣ), категорияи фалсафист, ки хусусияти ҷойгиршавии унсурҳои системаи муайян ва вобастагии мутақобилаи онҳоро ифода мекунад; ифодаи мавқеи шахс нисбат ба ягон чиз; муқоисаи фикрии объектҳои гуногун ё ҷиҳатҳои объекти муайян.

Материализми диалектикӣ хусуси­яти объективӣ ва универсалии Муносибатро ба асос мегирад. Дар олам танҳо ашё, хосият ва Муносибати онҳо мавҷуд буда, бо ашё ва хосиятҳои дигар робита ва Муносибати беинтиҳо доранд. Владимир Илич Ленин фикри Г. Гегелро дар бораи он, ки «…дар як Ким-чии конкретӣ нисбат ба тамоми чизҳои боқӣ муносибатҳои гуногун ва аксар вақт зиддиятнок дорад…*, дуруст медонад (Асар, дҷилди 38, саҳифаи 133). Як Муносибат метавонад дар ашёи гуногун (Муносибатии дохилӣ) ё байни ашёи гуногун (Муносибати берунӣ) бошад. Ҳар як ашёро ҳамчун таносуби ҷузъҳои он донистан мумкин аст. Аз тарафи дигар, ҳар як Муносибат танҳо ашёи дар байни он ҷойгирифтаро нишон медиҳад. Шакли махсуси Муносибатро муносибатҳои ҷамъиятӣ ташкил медиҳанд. Тафаккури илмӣ моҳияти ашё, қонунияти пай­доиш ва инкишофи онҳоро ба воситаи муайян намудани М.уносибати онҳо ба дигар ашё ошкор мекунад. Владимир Илич Ле­нин унсурҳои диалектикаро тавсиф намуда, зарурияти тадқиқи Муносибатро қайд карда буд: «тамоми маҷмӯи муносибатҳои хеле гуногуни ин чиз бо чизҳои дигар», «муносибатҳои ҳар як чиз … на танҳо хе­ле гуногунанд, балки куллӣ, универсалӣ мебошанд. Ҳар кадом чиз (зуҳур, просесс…) бо ҳар кадоме вобаста аст»; «просесси беинтиҳо» ошкор шудани тарафҳою муносибатҳои нав…» (Асарҳо, д.\\ҷилди 38, саҳифаи 224—25). Дар м а н т и қ и диалектики «муносибатҳои (=гузаришҳои«= зидднятҳои) мафдумҳо = мазмуни асосии мантиқ аст, дар а й н и ҳол ин мафҳумҳо (ва муносибатҳо, гу- заришҳо, зиддиятҳои онҳо) ҳамчун инъикосҳои олами объективӣ нишон дода шудаанд» (Ленин Владимир Илич, Асарҳои ҷилди 38, саҳифаи 197). Дар мантиқи мате­матикӣ Муносибат ба хосият муқобил гузошта мешавад. Дар мантиқи ш а к л ӣ назарияи Муносибат дар асарҳои де Морган, Ч. Пирс, Э. Шредер таҳлил шудааст. Назарияи мантиқии Муносибат хосиятҳои умумии Муносибат ва қонунҳои ба онҳо тобеъро тадқиқ менамояд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …