Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МУНОФИРАТ

МУНОФИРАТ

nafratМУНОФИРАТ, мунофарат (арабӣ аз ҳамдигар нафрат кардан), дар истилоҳоти мусиқии Шарқ номи овоз ва бӯъдҳои нофораму ноҷӯр. Дар мусиқишиносии имрӯза ба ҷои Мунофират истилоҳи «диссонанс»-ро ба кор мебаранд. Мунофират фосилаҳои нофорами бӯъди муҷаннаб (секундаи хурд, нисбатҳояш 10 : 9, 16 : 15, сентҳояш 180 ва 144) ва танинӣ (секунҷаи калон, нисбаташ 9:8, сенташ 204) барин фосилаҳоро дар бар мегирад. Дар пардаҳои лаҳнӣ ҳам ҳосил шудаи Мунофират мумкин аст. Масалан, дар қаторовозҳои ҳудуди октавӣ пардаҳои фосилаи байни кварта, квинта ва октава истифода нашиаванд, Мунофират ба миён меояд. Нигаред низ Бӯъд.           

А. Низомов,

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …