Маълумоти охирин

МУНОҶОТ

munojot«МУНОҶОТ», номи як силсилаи машҳури оҳангу сурудҳои классикии тоҷикӣ: «Муноҷот, «Савти Муноҷот», «Оромиҷон», «Уфари Муноҷот*. Фарқи ин оҳангҳо дар рангинии зарбу усул аст:

«Уфари Мунодот»:

Дар гузашта оҳангҳои «Муноҷот»-ро ҳам­чун ифодаи баъзе афкору ақидаҳои динӣ ҳисоб мекарданд. Аслан Муноҷот силсилаи оҳангу таронаҳои лирикии пурҷозиба, мафтункунанда ва таъсирбахшро дар бар мегирад. Масалан. «Савти Мувоҷот» бо чунин байт оғоз меёбад:

Соқӣ, баромад абри баҳорон,

Шуд лолаву гул хуррам зи борон.

Як қатор вариантҳои «Муноҷот» дар мусиқии ӯзбекиӣ ва уйғурӣ низ дучор меоянд. «Савти Муноҷот» дар репертуари Артисти Халқии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР Ҷурабек Муродов мавқеи махсус дорад. Силсилаи «Муноҷот» одатан бо уфари «Савти Муноҷот» ба охир мерасад ва ин суруд шавқовар ва рақсӣ буда, мизони он чунин аст:

А. Низомов

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …