Маълумоти охирин
Главная / Илм / Мӯниси Хоразми

Мӯниси Хоразми

Мӯниси Хоразми (тахаллусаш; номаш Шермуҳаммад ибни Авазбий; 1778, Хева —1829, ҳамон ҷо), муаррих, шоир ва тарҷумони ӯзбек. Соли 1800 хони Хева Авази Иноқ Мӯниси Хоразмиро котиби дарбори худ таъин мекунад. Мӯниси Хоразми бо олимон, шоирон ва санъаткорони замон роби- таи зич дошта, тамоми дониш, маҳорат ва қувваи худро ба илму маърифат бахшидааст. Аввалин маҷмъаи шеърҳояш «Девони Мунис» соли 1804 мураттаб шудааст. Соли 1806 ба ӯ навиштани таърихи хонии Хеваро супориданд. Соли 1819 ба тарҷумаи асари Мирхонд “Равзат-ус-сафо”, ки аз ду китоб иборат буд шуруъ карда, китоби якумро ба анҷом мерасонад. Вале тарҷумаи китоби дуюм «Фирдавс-ул-иқбол»-ро ба охир нарасонида вафот мекунад Шогирдаш Огаҳи тарҷумаи онро анҷом медиҳад. Мӯниси Хоразмидар рисолаи худ «Орналар» («Каналҳо») иншооти обёрӣ ва муносибати аҳли ҷамъиятро ба обу замин хеле хуб тасвир кардааст. Мероси асосии адабии у “Мунис-ул-ушшоқ” мебошад, ки он аз девони ғазал, мухаммас, рубоӣ, китъа, қасида иборат буда, зиёда аз 80 ҳазор. мисраъро ташкил медиҳад.

Инчунин кобед

sadi

САЪДӢ – Саъдии Шерозӣ

САЪДӢ Муслиҳуддин Абӯмуҳаммад Абдуллоҳ ибни Мушрифуддин (1203/8, Шероз—1292, ҳамон ҷо), шоир, насрнавис ва мутафаккири форс-тоҷик. …