Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУНИРИ ЛОҲУРӢ Абулбаракот ибни Абдул маҷид

МУНИРИ ЛОҲУРӢ Абулбаракот ибни Абдул маҷид

personМУНИРИ ЛОҲУРӢ Абулбаракот ибни Абдул маҷид (с.оли таваллуд номаълум — вафот 1644), шоири форсизабони Ҳиндустон. Назар ба қавли худи шоир ашъори ӯ 100 ҳазор байтро ташкил мекардааст. Мунири Лоҳурӣ маснавиҳои «Рамзу Имо», «Нуру Сафо», «Обу Ранг», «Созу Барг», «Дарду Алам» ва рисолаҳои «Користон» ,«Сироҷи Мунир», «Шарҳи қасоиди Урфӣ»-ро навиштааст. Ғайр аз ин Мунири Лоҳурӣ соли 1640 тазкирае дар бораи аҳволу осори шоирони форсизабони Ҳинд таълиф кардааст. Дар китобхонаи Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон ба номи Абӯрайҳони Берунӣ маснавии мавсум ба «Ошиқ ва Маъшуқ» мақфуз аст, ки онро низ ба Мунири Лоҳурӣ нисбат медиҳанд. Руқаоти Мунири Лоҳурӣ дар китобхонаи Остони қудси Машҳад нигоҳ дошта мешаванд. Як нусхаи «Иншои Мунир» (зери рақа­ми 2078) дар китобхонаи Индиа Оффис мавҷуд аст.    С. Асадуллоев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …