Маълумоти охирин

Мюнхен

Шаҳрест дар ҷануби РФГ. Маркази маъмурии сарзамини Бавария. Маркази муҳими иқтисодӣ ва мадании мамлакат. Дар соҳили дарёи Изар, дар доманаи шимоли кӯҳҳои Алп воқеъ гаштааст. Аҳолиаш 1,32 млн нафар (1980).

Мюнхен— узел и муҳими роҳи оҳан, нақлиёти автомобилӣ ва хавоӣ. Ҳар ду аэропорташ аҳамияти байналхалқӣ до­рад. Соҳаҳои асосии саноаташ: электротехника, электроника, асбобсозӣ, мошинсозии умумӣ ва нақлиётӣ (автомобил, самолёт, мотор ва ра­кета), коғаз ва полиграфия, дузандагӣ, бофандагӣ, хӯрокворӣ ва ғайра. Маҳсулоти химиявию фармасевтӣ, резинӣ, кинофотоплёнка, матоъҳои сунъӣ низ истеҳсол карда мешавад.

Асри 8 дар ҷои ҳозираи Мюнхен деҳае буд. Соли 1158 герсоги Бавария Генрих Лев ба М. ҲУҚУҚИ шаҳрро дод. Аз асри 13 то соли 1871 Мюнхен— пойтахти Бава­рия. Дар асри 16 шаҳр яке аз муҳимтарин марказҳои маданияти Герма­ния буд. Баъди ташкил шудани Им­периям Германия (1871) Мюнхен бо якҷоягии Бавария ба ҳайати он дохил гардид. Аз феврали 1900 то апрели 1902 дар М. В. И. Ленин зиндаги карда, ба нашри газетаи «Искра», ки дар ҳамин ҷо чоп мешуд, роҳбарӣ кардааст. Соли 1938 дар Мюнхен Муоҳидаи Мюнхен имзо шуд. Дар вақти Ҷанги дуюми ҷанонӣ (1939—1945) шаҳр ба харобазор табдил ёфт. Солҳои 1945—1949 Мюнхен ба зонаи ишғолии ШМА дохил мешуд, аз 1949 дар ҳайати РФГ аст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …