Маълумоти охирин

МУНДИГАК

mundigakМУНДИГАК, осори бошишгоҳи давраи  энеолит, биринҷӣ ва ибтидои асри оҳан дар Афғонистони Ҷанубист, 55 километр шимоли ғарбтари ш. Қандаҳор воқеъ аст. Солҳои 1951—58 экспедисияи франсавиҳо тадқиқ кард. Дар қабатҳои поёнии археологи (oxири ҳазораи 4 то милод) осори бошишгоҳи деҳқонон ёфт шуд. Бошандагони маҳал дар чархи  кулолӣ маснуоти сафолии мунаққаш месохтанд. Онҳо мисро низ истифода мебурданд. Дар қабати болоии археологӣ ҳайкалчаҳои сафолӣ ва мӯҳрҳои сангӣ, дар қабати миёна (мансуб ба хазораи 3 то милод) ашёҳои рехтаи мисӣ ва биринҷӣ, қабрҳои умумӣ ёфт шуданд. Бозёфтҳо аз равобити сокинони Мунда бо қабилаҳои Осиёи Миёна Ҳиндустон, Эрон, Балуҷистони Шимолӣ шаҳодат медиҳанд. Давраи  нашъунамои маданияти маҳаллӣ охираи ҳазораи 3 — аввали ҳазораи 2 то милод рост меояд. Ҳайкали сангӣ ва ёдгориҳои бошукӯҳи меъморӣ (ибодатгоҳ ва ҳавлию қароргоҳи (ҳокими маҳаллӣ), зарфҳои бо расмҳои ҳайвонот ва наботот ороёфта  ба даст омаданд. Дар ҳазораи 2 то милод маданяти Мунда рӯ ба таназзул ниҳода, ҳудуди бошишгоҳ хурд гардид, маснуоти сафолӣ дастӣ тайёр карда мешуд. Қабатҳои болоии Мунда ба миёнаи ҳазораи 1 то милод мансубанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …