Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / МУНҶОҚТЕППА

МУНҶОҚТЕППА

munchokteppaМУНҶОҚТЕППА, димнаи шаҳри қадимист дар наздикии Бекобод. Дар территорияи ГЭС-и Фарҳод ҷойгир шу­дааст. Мунҷоқтеппа асрҳои 3—12 тараққӣ карда буд. Майдони Мунҷоқтеппа 4 гектар, ғафсии қабати археологии он 9—10 метр. Солҳои 1943—44 отряди махсуси археологӣ таҳти роҳбарии профессор В. Ф. Гайду­кевич ҳафриёт гузаронд. Шахр дар шакли мураббаъ (200X180 метр) бунёд гардидааст. Мунҷоқтеппа дар асрҳои 10—12 барои аз ҳуҷуми бодиянишинон муҳофизат намудани соҳили дарёи Сир ҳамчун истеҳком хизмат мекард. Муеҷоқтеппа то истилои муғул обод ва истеҳкоми муҳими стратегӣ буда, аҳолӣ ба деҳқонӣ ва ҳунармандӣ машғул мешуд. Мунҷоқтеппа асри 13 баъди истилои муғул ба хароба мубаддал гардид. Дар на- тиҷаи дафриёти археологи аз Мунҷоқтеппа боқимондаҳои устохона, тухми растанӣ, зарфҳои сафолӣ, маснуоти шишагин, тангаҳо, устадон, асбобҳои заргарй ва димнаи қалъаи мансуб ба асрҳои 4—8 ёфт шуданд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …