МУН, деҳа, маркази Совети қишлоқи Навободи pайони Шуғнони Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ. Территорияи совхози «Ватан». Аз Марказ то маркази район 35 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1080 нафар. (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби 8-сола, ошхона ва устохонаи либосдӯзӣ дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — чорводорӣ. Аҳолӣ аз оби дарёҳои Ғунд ва Мундара истифода мебаранд.
Tags Деҳа
Инчунин кобед
САЯН
САЯН (кӯҳҳои Саян), кишвари кӯҳиест, ки дар қисмҳои ҷанубии кишвари Красноярск ва вилояти Иркутск, қисми …