Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУМИЁ

МУМИЁ

mumiyoМУМИЁ, маҳсулоти муммонанди табииро гӯянд, ки дар баъзе ғорҳо аз дарзҳои санг таровида мебарояд. Зиёда аз 4000 сол ин ҷониб дар тибби халқӣ чун даво маъмул аст. Олимон ва табибони машҳури форсу тоҷик Абӯали ибни Сино, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абӯбакр Рабеи Бухороӣ, Муҳаммад Ҳусейни Шерозӣ ва дигар Мумиеро барои табобати дарду шикастагии устухон, иллати пайванду мушак, захми меъдаю рӯдаҳо ва пӯст, дарди гулу, баъзе бемориҳои системан асаб, бемориҳои ҷигар, камхунӣ, инчунин ҳангоми газидани мор ва дигар ҷонварҳо чун подзаҳр истифода мебурданд. Дар Ҳимолой (Непал ва ғайра), кӯҳистони Арабистону Эрон, Республикаи Халқии Монголия, Бирма, Иттифоқи Респубдикаҳои Советии Сотсиалистии СССР ва мамлакатҳои дигар ёфт мешавад. Дар районҳои кӯҳии Тоҷикистон зиёда аз 20 манбаи Мумиё омӯхта шудааст. Мумиёи Тоҷикистон аз ҷиҳати тозагӣ ба се гурӯҳ тақсим мешавад: тоза (Мумиёе, ки ба замин начакида, дар ҷои баромадааш ҷамъ мешавад), начандон тоза (Мумиёе, ки ба замин чакида ба сангу хок, боқимондаи гиёҳҳо ва ахлоти баъзе ҳайвонҳо омехта мегардад) ва и фл о с (Мумиёе, ки аз лонаи кабӯтару зоғ ва паррандаҳои дигар, инчунин хонаи мушу калламуш ва ҳайвонҳои дигаре, ки онро мехӯранд, дарёфт карда мешавад). Таъсир ва қобилияти шифобахшии Мумиё ба макроэлементҳо ва микроэлементҳои таркиби он вобастааст. Тадқиқотҳои химиявӣ нишон доданд, ки Мумиёи тоза 29—30, начандон тоза 21—23 ва ифлос 14—15 хели макро- ва микроэле­мент дорад. Миқдори моддаҳои орга­никӣ (то 22%) ва хусусан нитроген (32—46%) зиёд мебошад. Омӯзиши фармакологӣ безарар будани Мумиёро исбот намуда, нишон дод, ки Мумиёи бо усули махсус тоза карда шуда, ба­рои муолиҷаи захми меъда, захми пӯсту мушакҳо, иллату омоси асаб- ҳо, шикастагии устухон ва ғайра ёрӣ мерасонад.

Адабиёт: Нуралиев Ю. Н , Денисенк о П. Н., Мумиё и его лечебные свой­ства, Душанбе, 1976.

Ю. Я. Нуралиев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …