Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Мӯмини Камонгар

Мӯмини Камонгар

Мӯмини Камонгар Хоча Муҳаммадмӯъмин (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), навозанда, бастакори асри 16 тоҷик. Зодгоҳаш Бухоро буда, дар Самарқанд фавтидааст. Бо косибӣ рӯз мегузаронд ва дар байни ҳамкасбонаш бо мусиқидонию шеърфаҳмӣ шуҳрати зиёд дошт. Созҳои мусиқии чанг, танбӯр, удро накӯ ме­навохт ва дар сохтани созҳои мусиқӣ устои беҳамто буд. Ба Самарқанд омада, бо устодони мусиқӣ Амир Алиакбари Қомунӣ, Хоҷа Ҷаъфари Қовунии Самарқандӣ аз наздик шинос шуда, аа онҳо санъати мусиқи- ро мукаммал меомӯзад. Дар пайравии нақш, амал, савт, пешравҳо асарҳои тозаи мусиқӣ офарида ва махсусан бо таснифоти “Савти Камонгар”, “Нақши Камонгар” дар ноҳияҳои Самарқанду Бухоро шуҳрат доштааст. Дар сурудани шеър низ маҳорат дошта, девони ғазалиёти худро мураттаб намудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …