Маълумоти охирин

Мӯлтон

Шаҳрест дар Покистон, дар музофоти Панҷоб ва наздикии дарёи Чиноб. Аҳолиаш 544 ҳазор нафар (1972). Марказӣ муҳими иқтисодиёт, узели нақлиёт. Соҳаи асосии саноат — бофандагӣ, махсусан матоъҳои пахтагӣ. Корхонаҳои саноати химия, шиша, хӯрокворӣ низ дорад. Ба Мӯлтон аз кони гази Суйи газопровод гузаронида шудааст. Мӯлтон марказӣ  қадимии ҳунармандист. Дар Мӯлтон кошинҳои сирдор, сафолот, қолин, маснуоти чармӣ тайёр мекунанд. Ёдгориҳои меъмориаш: мақбараҳои Шоҳюсуфи Гардезӣ (1150—1152), Шамси Табрезӣ (соли 1780 аз нав сохта шуд), Рукни Олам (1320—1324).

Мӯлтон дар нимаи аввали ҳазораи 1 то мелод бунёд ёфтааст. Онро соли 326 то мелод Ис­кандари Мақдунӣ забт кард. Соли 713 Мӯлтонро арабҳо ишғол намуданд. Асри 8 — марказӣ давлати мусулмонӣ, асри 10 — марказӣ давлати қарматиён. Асри 11 шаҳрро Маҳмуди Разнавӣ ба даст дароварда, асри 12 дар ҳайати давлати Руриён, аз соли 1228 тобеи салтанати Деҳлӣ буд. Соли 1398 онро Амир Темур ва соли 1527 Бобур забт намуданд. То соли 1572 ба Империяи мурулҳо дохил мешуд. Соли 1818 ба давлати сикхҳо гузашт. Соли 1849 Мӯлтонро мустамликадорони англис ба тасарруфи худ дароварданд. Баъди тақсимоти Ҳиндустон (1947) ба терреторияи Покистон дохил шуд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …