Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУЛТИПЛЕТӢ

МУЛТИПЛЕТӢ

multiplexМУЛТИПЛЕТӢ(аз лотинӣ multip­lex— бисёркарата), миқдори самтҳои иммонпазири спини пурраи атом ё молекула дар фазост. Мувофиқи механикаи квантӣ Мултиплетӣ к =• 25 + 1 мебошад. Барои системаҳои адади электронҳояшон N тоқ 5—3/а; 5/а* …буда, Мултиплетӣ чуфт (к = 2, 4, 6, …) аст. Барои онҳо ҳолатҳои дублетӣ, квартетӣ, секстета ва ғайра имконпазиранд. Агар N чуфт бошад, 5 = 0, 1, 2, … буда, Мултиплетӣ тоқ (х = 1, 3, 5, …) аст ва ҳолатҳои синглетӣ, триплетӣ, квинтетӣ ва ғайра ҷой доранд. Барои N электронҳо Мултиплетӣ максималӣ (х = N + 1) ба самти параллели спинҳои онҳо мувофиқ меояд. Қиматҳои Мултиплетӣ барон ҳолатҳои квантии атомҳо ва молекулаҳо аз рӯи шумораи электронҳо дар парда нопурра муайян карда мешавад, зеро дар пардаҳои пур спинҳои электронҳо ҳамдигарро мувозана мекунанд. Масалан, барои савияҳои энергияи металлҳои ишқорӣ, ки 1 электронӣ беруна доранд, ба монанди атомӣ /Н, х = 2 мебошад; барои савияҳои энергияи атомҳои мураккаб (бо пардаҳои пуршавандаи р-, d-t ва /-) қимати Мултиплетӣ то ба х =11 расад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …