Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУЛЛОЁРИИ ЯЗДӢ

МУЛЛОЁРИИ ЯЗДӢ

personМУЛЛОЁРИИ ЯЗДӢ (соли таваллуд номаълум — вафот 1546), шоири форс-тоҷик. Дар шахри Язд дӯкондорӣ кардааст. Муллоёрии Яздӣ шоири ҳаҷвӣ буда, дар баъзе шеърҳояш Ваҳшии Бофқиро ҳаҷв кардааст.  Ваҳшии Бофқӣ низ дар ҷавоби шеърҳои ҳаҷвӣ гуфтааст. Мувофиқи маълумотни манбаъҳои адабӣ Муллоёрии  Яздиро ба куштани касе айбдор намуда, ба қатл маҳкум карданд. Вай бахшида ба ин воқеа матлае гуфта­аст:

Аз қатли мо хоҳад шудан фардо тамошои дигар.

Чизе намонд аз умри мо, моему фардои дигар.

Ин суханҳо боиси раҳоӣ ёфтан аз қатлаш шудаанд. Муллоёрии Яздӣ асосан ғазал ва рубоӣ гуфтааст; намунаҳои ашъ­ораш тавассути тазкираҳо то замони мо расидаанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …