«МУЛЛОНОЗЙ» яке аз навоҳои (оҳангҳои) мақоми «Ҳиҷоз» аз силсилаи «Дувоздаҳмақом*. Дар қатори «Корсоз», «Рӯи Ироқ», «Ҳиҷози Ироқ» шуъбаи «Ҳисор»-и ин мақомро ташкил медиҳад. Оҳангҳои ин мақом то замони мо нарасидаанд, вале ба шакли пароканда дар мақоми (муғомӣ) «Шӯр»-и озарӣ вомехӯранд.
А. Низомов.