Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУЛЛОҚАНДОВ Эмануил Эфраимович

МУЛЛОҚАНДОВ Эмануил Эфраимович

personМУЛЛОҚАНДОВ Эмануил Эфраимович (2. 6. 1912, Самарканд — 17. 8. 1977, Душанбе), мутарҷими советии тоҷик. Аз оилаи савдогар. Мусаҳҳеҳи матбаа (1930),/ тарҷумони адабии газетаи «Тоҷикистони сурх» ва мудири шуъбап тарҷумаи бадеии Нашриёти давлатии Тоҷикистон.

Иштирокчии Ҷан­ги Бузурги Ватанӣ. Дар Кавкази Шимолӣ, Кубан ва Замини Хурд — назди Новороссийск ҷангидааст. Пас аз ҷанг тарҷумони адабии газетаи «Тоҷикистони сурх» буд. Аз соли 1951 ходими калони илмии Институти таърихи партияи назди Комитети Марказии  Партияи Коммунистии Тоҷикистон. Якчанд асари Владимир Илич Ленин ва классикони марксизм-ленинизмро тарчума кардааст. Аз аввали солҳои 40 ба тарҷумаи бадеӣ машғул шудааст. Асарҳои Антон Павлович Чехов «Каштанка» (1935), Ҷ. Лондон «Дар талоши ҳаёт» (1936), Николай Островский «Зодагони тӯфон» (1939), П. Вершигора «Одамони поквиҷдон» (1949), М. Шолохов «Онҳо дар роҳи Ватан ме­ҷангиданд» (1949), «Дони ором» (1955—60), «Ҳикояҳои Дон» (1966),

И. Эренбург «Барои сулҳ» (1952), Лев Толстой «Ҳикоятҳои Севастопол» (1953), А. Макаренко «Достони пе­дагогӣ» (1953), М. Иброҳимов «Рӯзе мерасад» (1953), Н. Гогол «Тарас Булба» (1953), «Ҷонҳои мурда» (1955), «Шабнишиниҳо дар хутори наздики Диканка» (1971), М. Авезов «Абай» (1955), В. Белинский «Чанд мақола» (1961), И. Тургенев «Се вохӯрӣ» (1968), Ҷон Рид «Даҳ рӯзе, ки оламро ба ларза овард» (1964), Г. Флобер «Хонум Бовари» (1967), М. Е. Салтыков-Щедрин «Таърихи як шаҳр» (1974) ва ғайраро тарҷума намудааст. Доир ба наза­рия ва амалияи тарҷума, забони асари тарҷумавӣ як қатор мақолаҳо дорад: «Назаре ба забони тарчума дар матбуоти тоҷик», (журнали «Шарқи Сурх», 1961, № 3), «Назаре ба кори пешина аз нуқтаи назари таҷрибаи имрӯза» (журнали «Шарқи Сурх», 1963№ 12), «Haвисандагони тоҷик ва забони русӣ» (журнали «Садои Шарқ», № 1, 1974). Аз соли 1957 узви ИН Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР. Бо 3 медали ҷангӣ ва медали «Ба­рои меҳнати шуҷоатнок» мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …