Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУЛЛОЕВ Қурбон

МУЛЛОЕВ Қурбон

personМУЛЛОЕВ Қурбон (таваллуд 1905, Хуҷанд), пахтакор, Каҳрамони Меҳна- ти Сотсиалистӣ (1951). Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ  КПСС aз соли 1945. Солҳои 1929—35 коркуни шӯубаи районии хоҷагии қишлоқи Қурғонтеппа, 1936—44 сар­дори бригадаи пахтакорӣ, 1945— 55 раис ва 1956—59 сарагрономи колхози ба номи Владимир Илич Ленин, 1960—65 раиси Совети қишлоқи Кали­нини pайони Сир­дарёи Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон ва аз соли 1966 нафақахӯри шахсӣ. Соли 1950 колхозе, ки Муллоев роҳбарӣ мекард, аз ҳар як гектар 41,6 сентнер пахта рӯёнд. Иштирокчии Съезди 12-уми Партияи Коммунистии Ӯзбекистон. Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …