Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУЛЛОҶОНОВА Шоиста Рубиновна

МУЛЛОҶОНОВА Шоиста Рубиновна

personМУЛЛОҶОНОВА Шоиста Рубиновна (таваллуд 3. 9. 1925, Душанбе), сарояндаи советии тоҷик (сопранои лирикӣ). Артисти Халқии Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон (1957). Фаъолияти сарояндагиаш соли 1941 дар ан­самбли рубобчизанони Филармонияи давлатии Тоҷикистон оғоз ёфт. Соли 1943 Омӯзишгоҳи педаго­гии занонаи Сталинободро хатм намуда, ҳамчун хунарпешаи филар­мония фаъолияташро идома дод. Солҳои 1947—53 дар Консерваторияи Москва таҳсил намуд. Муллоҷонова хусусиятҳои мактаби вокалии классикии рус ва миллии тоҷикро моҳирона бо ҳам омезиш медиҳад. Солҳои 1953—58 дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Партияҳои иҷрокардаи ӯ: Маҳин («Тоҳир ва Зӯҳро»-и А. Ленский), Гулизор («Шӯриши Восеъ»-и С. Баласанян), Мар­фа («Арӯси шоҳ»-и Н. Римский-Кор­саков), Микаэла («Кармен»-и Ж. Бизе), Гулчеҳра («Оршин-моло- лон»-и У. Ҳоҷибеков), Татьяна («Евгений Онегин»-и П. Чайковс­кий) ва дигар. Солҳои 1958—75 саро­яндаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон. Иҷрокунандаи сурудҳои халқӣ ва классикии тоҷикӣ, таронаҳои халқҳои Шарқ ва республикаҳои бародарӣ. Бо программаҳои консертӣ ба Эрон, Франсия, Юнон, Кана­да, Ҳиндустон, Индонезия, Дания, Финляндия, Таиланд, Камбоҷа, Бир­ма, Голландия сафари хунарӣ кар­дааст. Иштирокчии даҳаҳои санъат ва маданияти тоҷик дар Москва ва республикаҳои иттифоқӣ. Лауреати фестивали умумииттифоқӣ ва умумиҷаҳонии ҷавонон ва студентон дар Москва (1957, медали тилло). Аз соли 1975 муаллимаи калони Институти давлатии санъати Тоҷикистон. Бо ордени Ленин, орденн Байрақи Сурхи Меҳнат, 2 ордени «Нишони Фахрӣ», 4 медал, Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ва дигар республикаҳои иттифоқи мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …