Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУЛЛОБУРҲОНИ ХАТЛОНӢ

МУЛЛОБУРҲОНИ ХАТЛОНӢ

personМУЛЛОБУРҲОНИ ХАТЛОНӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), мударрис ва шоири охири асри 19 ва аввали асри 20. Дар вилояти Кӯлоби ҳози- ра таваллуд ёфта, дар Бухоро илм омӯхт. Мударриси мадрасаи Хоҷа Муҳаммади Порто (Бухоро) буд. М.уллобурҳонӣ Xатлонӣ, ки аз фазлу дониш баҳраи тамом дошт, аввалҳо бо тахаллуси «Муштоқӣ» шеър мегуфт ва баъдҳо та­халлусаш*Бисмил»-ро гирифт. Дар тазкираҳои Мӯҳтарам, Афзал ва дигар қайд шудааст, ки Муллобурҳони Xатлонӣ истеъдод ва завқи баланди шоирӣ дошт. Ашъори парокандаи ӯро дар баёаҳои асри 19 пайдо мекунем. Муллобурҳони Xатлонӣ дар асарҳои худ, ки аксар аз ғазалҳо иборатанд, ҳаёт ва ишқро тараннум ва аз но­созии замон шикоят мекунад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …