Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУЛЛОБЕҲЗОД

МУЛЛОБЕҲЗОД

personМУЛЛОБЕҲЗОД  (соли таваллуд ва вафот номаълум), мусаввири асри 17 тоҷик, намояндаи мактаби минётури Бухоро. Дар китобхонаҳои Абдулазизхон ва Субҳонқулихон кор кардааст. Аз ҳунари ӯ чор минётур дар «Хамса»-и Низомӣ (солҳои 1668— 71 дар Бухоро китобат шудааст; дар коллексияи Честер Битти, Дублин) боқӣ мондааст. Тахмин меравад, ки Муллобеҳзод дар ороишоти дигар дастнависҳои мӯътабари он давр, ба мисли Достонҳо аз «Шоҳнома”-и Фирдавсӣ (коллексияи О. Омбер) «Шоҳнома» (1966, дар Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии  Ӯзбекистон) ва ғайра иштирок кардааст. Дар бораи Муллобеҳзод дар «Муҳит-ут-таворих» маълумот ҳаст. Дар асарҳои Муллобеҳзод таъсири мактаби минётури ҳинд, ки хоси санъати тасвирии Мовароуннаҳр аст, мушоҳида мешавад.

М. Ашрафӣ.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …