Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «МУЛЛО МУШФИҚӢ»

«МУЛЛО МУШФИҚӢ»

ovozi-tochik«МУЛЛО МУШФИҚӢ», иловаи га­зетаи «Овози тоҷик». Шумораи 1 бо номи «Ширинкор» (4 сентябр 1925) ва шумораи 2 бо номи «Мулло Мушфиқӣ» баъди як сол (27 сентябр 1926) аз чоп баромад. Аз шумораи 21 (июни 1929) «Мушфиқӣ» ном гирифт. Моҳи мар­ти 1932 бо номи «Бигиз» интишор ёфт. «Муло Мушфиқӣ», ки дар ҳаҷми 8 саҳифа ва бо муқоваи ранга мебаромад, cap то cap бо карикатураҳо ороста буд. Рассом — Лев Леонардович Бура.

«Мулло Мушфиқӣ» ба насру назми классикии тоҷик, хусусан ба эҷодиёти ҳаҷвии Убайди Зоконӣ, Саъдӣ, Восифӣ, Мушфиқӣ бештар пайравӣ мекард.

Мавзӯъҳои асосии «Мулло Мушфиқӣ» мустаҳкам кардани музаффарият ва комёбиҳои Ҳокимияти Советӣ, мубориза бар зидди душманони синфӣ, дин ва боқимондаҳои бой-феодалӣ, мубориза барои озодии занон буданд.

Кормандон ва муаллифони асосии журнал Қурбон Баҳлулзода, Камол Одилзода, Бобоҷон Ғафуров, Наби Фахрӣ, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода. Қорӣ Муин Шукруллоев буданд. Муҳаррир адиби боисстеъдод. Баҳриддии Азизӣ.

И. Усмонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …