Маълумоти охирин
Главная / Илм / Мюллер

Мюллер

Ф. В. К (Muller F. W. К.; 1863—1930), эроншиноси немис. Мюллер дар нашр ва омӯзиши осори суғдӣ, ки аз Туркистони Шарқи ва Мугулистони Шимолӣ ёфт шудаанд, хизмати зиёде кардааст. Соли 1904 дар «Ахбороти Академия и фанҳои Бер­лин» Мюллер транскрипсияи матнҳои монавии суғдии соли 1902 аз Турфони Туркистони Шарқӣ пайдокардаи экспедитсия» бостоншиносии немисро таҳти роҳбарии А. Грюнведел ба табъ расонд. Маҳз ба туфайли ин матнҳо олими немис Ф. Андреас хе­ши и забонҳои суғдӣ, яғноби ва помириро таъин намуд. Материалҳои экспедитсияи дуюми немисии Турфон (матнҳои масеҳии суғдӣ)-ро низ Мюллер рамзкушоӣ намуда ба табъ расонидааст. Мюллер исбот намуд, ки истилоҳоти  тақвимии китоби буддопи «Трипитака» дар асл суғдӣ мебошанд. Соли 1908 вай мутобиқати истилоҳоти тақвими матнҳои суғдӣ ва истилоҳоти тақвими суғдии дар асар- ҳои Абурайҳони Берунӣ овардашударо таъин кард. Мюллер муайян кар­дааст, ки яке аз забонҳои катибаи сезабонаи дар Қара-Балгасун (Муғулистони Шимолй) соли 1889 ёфтшуда суғдӣ мебошад. Чанде аз матнҳои масеҳӣ ва буддоии суғдӣ, ки Мюллер хон­да рамзкушоӣ намуда буд, соли 1934 аз тарафи шогирдаш В. Ленс ба табъ расонида шудааст

 

Таҳқиқотчӣи Олмон А. Грюнвелд бо дастааш дар Турфан

 

 

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …