Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУЛКАК

МУЛКАК

lathyrusМУЛКАК (Lathyrus mulkak), гиёҳи бисёрсолаест аз оилаи лубиёиҳо. Баландиаш 65—120 сантиметр; пояаш сершохча, баргаш мураккаб (аз 2— 4 ҷуфт баргчаҳо иборат), хӯшагулаш 2—6-гула, гулаш калони сурх ё бунафши сурхтоб, гилофакаш 4— 6-тухма, тухмаш қаҳваранги холдор. Моҳҳои май—сентябр гулу мева мекунад. Растании хоси (эндеми) Помиру Олой аст. Дар бешаи паҳнбарг, арчадор, дашт, алафзор, урану торонзор, нишебиҳои регу санглох ва ғайра (1200—3000 метр аз соҳили баҳри), асосан дар қаторкӯҳҳои Зарафшон, Ҳисору Дарвоз мерӯяд.

Мулкакро гову асп нағз мехӯранд. Дар таркибаш (дар айёми гул) 0,67% қанди ҳалшаванда, 6,51% гемиселлюлозаҳо, 26,75% сафеда, 26,75% протеин, 1,48% равган, 9 мг% каро­тин (провитамини А) ва ғайра дорад. 100 килограмм хошоки Мулкак 21,13 кгилограмм протеини ҳозим дошта, 82,79 воҳиди хӯрокӣ мебошад. Дони Мулкакро ҷӯшонида ба таом меандозанд.

Ад.: Флора Таджикской ССР, т. 5, Л., 1078.    Ы. Р. Расулова.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …