Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУЛҲАҚОТ

МУЛҲАҚОТ

mulhakotМУЛҲАҚОТ (арабӣ ҷамъи—пайвастшуда, ҳамроҳшуда), навиштаҷоте, ки дар поёни таълифоти асосӣ омадааст ва ё бо асаро дар як ҷилд муқовабандӣ шудааст. Масалан, Мирзо Салимбеки Салимӣ матни тазкираи «Тӯҳфат-ул-аҳбоб фӣ тазкират-ил-асҳоб»-и Возеҳро ба чоп тайёр карда, маълумоти роҷеъ ба шоирони ибтидои асри 20-и Бухоро, чун Ай­нӣ, Мунзим, Ҳамдӣ ва дигарро бо намунаи ашъори худаш дар поёни он мулҳақ (ҳамроҳ) карда соли 1913 дар Тошкент ба табъ расондааст. Охирсухан, шарҳу тафсир ва тавзеҳоте, ки дар поёни матни асаре аз тарафи муҳаррир, мутарҷим ё ношир илова мешавад. низ Мулҳақот аст.

А. Рахмонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …