Маълумоти охирин

МУЛАММАЪ

melammahМУЛАММАЪ (арабӣ— нурпош, ҷилодор, рангоранг), шеърест, ки ба ду забон навишта мешавад. Муламмаъ асо­сан дар адабиёти классикӣ ва бештар дар жанри ғазал дучор меояд. Шоирон як мисраъ ё байтеро ба тоҷикй ва мисраъ ё байти дигарро ба арабӣ мегуфтанд. Бояд байт, мис­раъ ва абёти тоҷикию арабӣ аз ҷиҳати шаклу мазмун бо ҳам комилан мувофиқат мекарданд. Муламмаъро ш и р у ш а к а р низ номидаанд. Шоироне бештар Муламмаъ гуфтаанд, ки забон ва қоидаҳои шеъри арабиро некӯ ме­донистанд ва ба забони арабӣ шеър гуфтаанд. Саъдӣ дар Муламмаъ шӯҳрат дорад. Садриддин Айнӣ ӯро ихтироъгари Муламмаъ меномад. Аз асри 15 Муламмаъи тоҷикию ӯз­бекӣ ривоҷ гирифт. Порчаи ғазали зерин, ки ба Ҷомӣ ном шоире мансуб аст, намунаи ин гуна Муламмаъ мебошад:

Эй лабат пурхандаву чашми сиёҳат масти хоб.

Икки зулфинг оразида ой юзунгдур    офтоб.

Мастии май мекунад рӯи туро ғарқи арақ.

Бода ичсанг туқулур икки кизил юздан гулоб…

Банда шуд Ҷомй ғуломат. Гарчи Афлотун бувад,

Асрагил, ё соқлагил, ё сот, ё бергил ҷавоб.

Аз нимаи дуюми асри 19 Муламмаъи тоҷикӣ- русӣ пайдо шуд (Асирӣ ва дигар). Намунае аз Муламмаъи тоҷикӣ ва русии Асирӣ:

Гуртам зи раҳи ҳавопарастӣ Приходите ко мне в гости…

Дар адабиёти советии тоҷик аввалин бор Садриддин Айнӣ Муламмаъи тоҷикӣ ва ӯз­бекӣ навишт. 3. Ҷавҳарӣ, М. Аминзода ва дигар низ Муламмаъ доранд. Муламмаъҳои тоҷикию ӯзбекӣ дар эҷодиёти даҳанакии халқ низ вомехӯранд. Шоирони Муламмаънависро зуллисонайн ё зуннақлайн меноманд.

Адабиёт; Ҳодизода Р., Ш у к у р о в М., Абдуҷабборов Т., Фарҳанги истилоҳоти адабиётшиноӣ, Душанбе, 1966; 3 е ҳнӣ Т., Санъати сухан, Душанбе, 1979.

С. Имронов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …