Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУҚОВИМАТИ ГИДРОДИНАМИКӢ

МУҚОВИМАТИ ГИДРОДИНАМИКӢ

gidrodinamicheskoye-soprotivleniyeМУҚОВИМАТИ ГИДРОДИНАМИКӢ (аз арабӣ  ва гидродинамика), аксуттаъсирест, ки моеъ ба ҳаракати ҷисми дарунии он мерасонад ва муқобилатест, ки деворҳои гулбаву каналҳо ба ҳаракати моеъ нишон медиҳанд. Дар сурати андаруни сели моеъ (газ) будани ҷисми сокин ва ё, баръакс, ҳангоми дар муҳити сокии ҳаракат кардани ҷисм Муқовимати гидродинамикӣ ба про-ексияи вектори асосии ҳамаи қувваҳои ба ҷисм таъсиркунанда бар самти ҳаракат баробар аст ва чунин ифода карда мешавад:

X = Сх ‘J- S,

ин ҷо р — зичии муҳит, v — суръат, S — масоҳати ба ҷисми мазкур (масалан, барои самолёт — сатҳи болҳо) хос, Сх — коэффисиент беченак. Сх ба шакли ҷисм, мавқеи вай нисбат ба самти ҳаракат ва ададҳои монандӣ вобаста аст. Муқовимати гидродинамикӣ бо таъсири фишор ва қувваи соиш ба амал меояд. Формулаҳое мавҷуданд, ки аз рғи онҳо Муқовимати гидродинамикиро барои ҷараёнҳои ламинарӣ ва турбулентӣ ҳисоб кардан мумкин аст.

Муқовимати гидродинамикӣро ба муқовиматҳои х а т т ӣ, ки ба туфайли ғизлати моеъ пайдо мешаванду дар тамоми тӯли қисми ромтхаттаи ғқлба ё канал таъсир мекунанд ва муқовиматҳои м а ҳ а л л ӣ, ки дар ҷойҳои тағйир-ёбии қимат ва самти суръати ҷараён (дар вентилҳо, ҷумакҳо, зонуҳо, седаҳанҳо, диафрагмаҳо, диффузорҳо ва ғайра) ба амал меоянд, чудо мекунанд.

Дуруст муайян кардани бузургия Муқовимати гидродинамикӣ  барои тартиб додани лоиҳа ва сохтмони иншоот, ҷиҳоз ва аппаратҳои гуногун (иншоотҳои гидротехникӣ таҷҳизоти турбивӣ, аппаратҳои софкориҳои ҳавову газ, шабакаҳои газ, нефт ва об, муҳаррикҳо, компрессорҳо, насосҳо ва ғайра) аҳамияти калон дорад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …