Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУҚОВИМАТИ ЭЛЕКТРӢ

МУҚОВИМАТИ ЭЛЕКТРӢ

soprotivlenieМУҚОВИМАТИ ЭЛЕКТРӢ (аз арабӣ ва электр), 1) бузургиест, ки муқобилияти занҷири электрӣ ё як қисми онро ба ҷараёни электрӣ тавсиф медиҳад. Воҳидаш Ом. Муқовимати электрӣ дар натиҷаи ба дигар шакл гузаштан ё табдил ёфтани энергияи электрӣ ба вуҷуд меояд; дар сурати табдили барногарди энергияи электрӣ (асосан ба энергияи гармӣ) Муқовимати электриро муқовимати фаъол меноманд. Муқовимати электрие, ки дар сурати ба майдони электрӣ ё магнитӣ (ва баръакс) додани энергия cap мезанад, муқовимати реактивӣ ном дорад. Дар сурати доими будани шиддат U ва бузургии қувваи ҷараён / муқовимат R-ро аз рӯи қонуни Омӣ муайян меку-

нанд ва онро муқовимати омӣ меноманд. Муқовимати электрӣ ба материали ноқил (муқовимати хос р), андозаҳои геометраи он ва ҳарорат (бо афзудани ҳарорат Муқовимати электрӣ зиёд мешавад) вобаста аст. Муқовимати омиро аз формулаи R=   (  — дарозии ноқил,  буриши кундаланги он) низ муайян кардан мумкин аст. Бузургии ба  баръакс    ноқилияти электрӣ ном дорад.

Муқовимат дар занҷири электрӣ боиси пароканиши энергияи электр мегардад (дар намуди гармии ҷоули , ки ин ҷо I — вақти гузашта ҷараён, к — коэффисиент, ки ба интихоби воҳидҳои ченкунӣ вобаста аст, ниг. Қонуни. Ҷ оуль-Ленц). Дар сурати тағйирёбанда будани шиддат дар натичаи эффекти сатҳӣ зичии ҷараён дар сатҳи ноқил меафзояд ва Муқовимати электрӣ зиёд мешавад. Ҳангоми про­сессҳои мавҷии хаттӣ (паҳншавии мавҷ қад-қади майдони электромаг­нитӣ) нисбати шиддат ва ҷараён муқовимати мавҷиро ифода мекунад. Вобаста ба бузургии муқовимати хос ҳамаи моддаҳо ба ноқилҳо (асосан металлҳо) ва диэлектрикҳо ҷудо мешаванд.

Муқовимати электрӣ дар металлҳо бо таҳрифи панҷараи кристаллӣ, ки лаппишҳои ҳароратвӯӣ ё атомҳои ғаш ба вуҷуд меоранд, алоқаманд аст. Дар су­рати паст шудани ҳарорат лаппашҳои ҳароратии панҷараи кристаллӣ хурд ва Муқовимати электрии баъзе металлу хулаҳо кам, дар наздикии ҳарорати нули мутлақ бошад, амалан нест мешавад (ниг. Фавқулноқилият). 2) Истилоҳи «Муқовимати электриро аксар барои ишора намудани ин ё он элемент (аппарат), ки ба занҷири электрӣ ба мақсади маҳдуд танзим кардани ҷараён пайваст карда мешавад, истифода мебаранд. Муқовимати электрӣ тавзимшавандаро ре о с т а т,  Муқовимати электрии танзимнашавандаи  бо қабулкунаки ҷараён пай дар пай пайвастшавандаро муқовиматииловагӣ ва параллел пайвастшавандаро ш у н т меноманд. Барои ченкуниҳо ғалтакҳои муқовимат ва магазини м у қ о в и м а т ҳ о р о истифода мебаранд.

Ад.: Калашников С. Г., Электри­чество, 4 изд., М., 1977.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …