Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУКОФОТИ НОБЕЛӢ

МУКОФОТИ НОБЕЛӢ

nobel-prizeМУКОФОТИ НОБЕЛӢ, мукофоти ҳарсолаи байналхалқӣ, ки номи му- ассиси он инженери химик, ихтироъкор ва саноатманди швед Альф­ред Бернхард Нобелро гирифтааст. Мувофиқи васияти Нобел маблағеро, ки баъди вафоти ӯ боқӣ монд ва аввалҳо 31 миллион крони шведиро ташкил медод, ба фонди Нобел гузарониданд; маблағи мазкур дар аксия, облигасия ва заём гузошта шуд, даромади солонаи онро панҷ қисмати баробар мекунанд ва дар шакли Мукофоти нобелӣ ба олимони соҳаҳои физика, химия, физиология ё тиб, адабиёт, барои кашфиёт ва асарҳои шоиста, инчунин ба муборизони барҷастаи сулҳ медиҳанд. Соли 1968 Банки давлатии Швесия ба муносибати 300-солагии худ барои асарҳои соҳаи илмҳои иқтисодӣ мукофоти ҳарсолаи хотираи Нобелро таъсис кард (дар асоси шартҳо ва ба андозаи Мукофоти нобелӣ дода мешавад).

Мукофоти нобелӣ аз медали тиллоӣ, ки тасвири Нобел, зерхатти мувофиқ дорад ва аз диплом ва чеки маблағи муайян (аз 30 то 70 ҳазор доллар) иборат аст. Аз рӯи васияти Нобел, Мукофоти нобелиро ин муассисаҳо медиҳанд: Академияи подшоҳии фанҳо дар Сток­голм (доир ба физика, химия, мукофоти хотиравӣ доир ба иқтисодиёт), Институти подшоҳии тиббию ҷарро- ҳии Каролина дар Стокголм (доир ба физиология ва тиб) ва Академи­яи Швесия дар Стокголм (доир ба адабиёт); дар Норвегия Ко­митети нобелии парламенти норвег барон мустаҳкам намуданн сулҳ Мукофоти нобелӣ медиҳад.

Мукофоти нобелӣ ба номзадҳо қатъи назар аз нажод, миллат, ҷинс ва дину оин барои комёбиҳои навтарини соҳаҳои мазкур ва асарҳои пешина, ки аҳамияташон дертар ошкор гаштааст, дода мешавад. Ҳамаи мукофотҳо, ғайр аз мукофоти сулҳ, фақат ба шахсони ҷудогона ва як бор до­да мешавад. Одатан Мукофоти нобелиро баъди вафот намедиҳанд.

Муҳокимаи асарҳо ва овоздиҳӣ дар вазъияти махфии қатъи сурат мегиранд, ихтилофот доир ба номзад дар қарори маҷлисҳо қайд на-

мешавад. Дар матбуот фақат қарор ва сабаби додани Мукофоти нобелӣ мухтасар дарҷ мегардад (сабаби додани мукофотҳои сулҳро нишон намеди- ҳанд). Қарорҳои оид ба додани му­кофот тағйир дода ё бекор карда намешаванд.

Маросими тантананоки супурдани Мукофоти нобелӣ дар Стокголм ва Осло дар рӯзи вафоти Нобел 10 декабр барпо ме­гардад. Мувофиқи анъана ба лауре­ата Мукофоти нобелӣ медали тиллоиро подшоҳи Швесия дар Стокголм доир ба илмҳои табиатшиносӣ ва подшоҳӣ. Норвегия дар Осло доир ба сулҳ месупоранд. Мувофиқн низомнома лауреати Мукофоти нобелӣ одатан 6 моҳ, дар Стокголм ё Осло бо лексияҳои нобелӣ баромадҳо мекунад. Мукофоти нобелӣ аввалин бор соли 1901 дода шуда буд. Олимони советӣ Н. Н. Семёнов (оид ба химия; 1956), И. М. Франк, И. Е. Тамм (оид ба физика; 1958), Л. Д. Ландау (Оид ба физика; 1962), Н. Г. Басов, А. М. Прохоров (оид ба фи­зика; 1964), П. Л. Капица (оид ба физика; 1978) ва нависандаи советӣ М. А. Шолохов (1965) ба гирифтани Мукофоти нобелӣ мушарраф шудаанд.

Бояд қайд кард, ки Мукофоти нобелӣ на ҳама вақт ба асарҳои шоиста дода меша­вад. Баъзан бо сабабҳои сиёсию ғоявӣ ба асарҳои камарзиш низ Мукофоти нобелӣ медиҳанд ва ин собит мекунад, ки аъзоёни комитетҳои Мукофоти нобелӣ ғаразноканд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …