Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУКОФОТИ КОРГАРОНИ НОРАК

МУКОФОТИ КОРГАРОНИ НОРАК

nurekМУКОФОТИ КОРГАРОНИ НО­РАК, мукофоти адабии коргарони ГЭС-и Норак, ки соли 1974 мувофиқи шартномаи ҳамкории байни бинокорони ГЭС ва идораи журнали «Дружба народов» таъсис ёфтааст. Мукофоти коргарони Норак ҳар сол як маротиба барои беҳтарин асари замонавӣ, ки дар «Дружба народов» ба табъ мерасад, дода ме­шавад. Соли 1974 аввалин бор нависанда К. Симонов барои асари ҳуҷҷатии «Рӯзҳои гуногуни ҷанг» сазовори Мукофоти коргарони Норак гардид; инчунин С. Дангулов барои «Пули оҳангарон» (1975), В. Жалакявичус барои киноповести «Кенвтаврҳо» (1976), В. Тенд­ряков барои повести «Хусуф» (1977) ва Н. Дунбадзе барои романи «Қонуни абадият» (1978), Ю. Семёнов барои повести «ТАСС ӯхдадор аст изҳорот диҳад…» (1976), А. Адамо­вич барои романи «Ҷазодиҳандагон» (1980), Г. Бакланов барои повести «Бародари хурдӣ» (1981) ба он мушарраф шудаанд.

Н. Файзуллоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …