Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУКОФОТИ ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИКИСТОН

МУКОФОТИ ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИКИСТОН

mukofotМУКОФОТИ ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИКИСТОН ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, мукофоти республикавист, ки барои силсилаи очерку мақолаҳои беҳтарини публисистӣ, барномаҳои баландмазмуни телевизионию гуфторҳои радио дар мавзӯъҳои тараққиёти соҳаҳом гуногуни хоҷагӣ ва мадании республика, инкишофи мусобиқаи сотсиалистӣ ва тарбияи коммунистии меҳнаткашон дода мешавад. Бо мақсади инкишофи минбаъдаи журналистикаи Тоҷикистон дар асоси принсипҳои ленинӣ матбуоти партиявӣ ва барои баланд бардоштани маҳорати публисистӣ Прав­лениям ИЖ республика Мукофотро (ҳар сол ду мукофот) таъсис кард. Мукофот дар съезди 5-уми ИЖ Тоҷикистон бо қарори Котиботи Правлениям ИЖ Тоҷикистон аз 20 августи 1977 муқаррар шудааст. Мувофиқи низомнома Мукофотро ба шахсоне медиҳанд, ки онҳо аъзои ИЖ Тоҷикистон буда, дар редаксияҳои газетаю журналҳо, телевизиону радио, ТоҷикТА ва нашриётҳои республика кор мекунанд. Кор­ҳои ба Мукофот пешбаршударо ташкилотҳои шаҳрӣ, вилоятии ИЖ, инчунин Котиботи Правленияи ИЖ Тоҷикистон бо тавсияи ташкилотҳои ибтидоии журналист, ҳайати таҳририяи газетаю журналҳо, коллегияи Коми­тети давлатии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ пешниҳод мекунанд. Ба шахсоне, ки сазовори Мукофот гаштаанд, унвони «Лауреат мукофоти Иттифоқи жур­налистон» Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ» дода, диплом ва нишони сарисинагӣ, 500 сӯм пул супурда мешаванд. Шахсони зерин лауреати Мукофот гаштаанд:

1977 — В. П. Быкова, Л. Ю. Лермаи муҳаррирони калони сарредак­сияи пропагандаи студияи телевизион, М. Мамадризоев мудири шуъбаи саноати газетаи «Тоҷикистони Советӣ», Л. А. Маҳкамов сармуҳаррири комитети давлатии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон оид ба кинематография, Б. Н. Пшеничный сармуҳаррири газетаи «Коммунист Таджи­кистана», С. Н. Садошенко мухбири махсуси «Коммунист Таджикиста­на», А. Самадов муҳаррири калони сарредаксияи «Ахбор»-и студияи телевизион, Ҳ. Содиқов сармуҳаррири газетаи «Совет Тожикистони», Д. Я. Черныш мухбири газетаи «Коммунист Таджикистана», X. Эргашев муҳаррири калони сарредаксияи пропаган­даи студияи телевизион, А. Ш. Ку­раев ҷонишини раиси Комитети давлатии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ, барои силсилаи намоишҳои телевизион бахши- да ба 60-солагии Револютсияи Кабири Сотсиалистии Ок­тябр ва силсилаи материалҳо оид ба мусобиқаи «Эстафетаи коргарӣ».

1978 – Т. П. Каратыгина, ҷонишини муҳаррири газетаи «Коммунист Таджи­кистана», Ш. Саидов, раиси Комите­ти давлатии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон оид ба кине­матография барои силсилаи очеркхо дар бораи одамони беҳтарини респуб­лика, дар бораи қаҳрамонони панҷ- солаи 10-ум ва силсилаи мақолаҳо дар бораи меҳнаткашони деҳот.

1979 – Н. Боҳиров, мудири шуъбаи «Машъал», барои силсилаи очеркҳо оид ба масъалаҳои тарбияи коммунистии бачагон.

1980 – Ҳ. Файзиев, мудири шуъбаи китобҳои илмӣ-оммавии нашриёти «Ирфон», барои силсилаи мақолаҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ.

1981 – О. Латифӣ, мухбири газетаи «Правда», барои корҳои беҳтарини эҷодӣ дар мавзӯъҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ ва мадании рес­публика, мақолаҳои публисистӣ дар матбуоти марказӣ ва республикавӣ.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …