Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУКОФОТИ ДАВЛАТИИ РЕСПУБЛИКАИ СОВЕТИИ СОТСИАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН

МУКОФОТИ ДАВЛАТИИ РЕСПУБЛИКАИ СОВЕТИИ СОТСИАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН

mukofotМУКОФОТИ ДАВЛАТИИ РЕСПУБЛИКАИ СОВЕТИИ СОТСИАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН ба номи Р ӯ д а к ӣ, олилтарин мукофоти республикавист, ки барои муваффақиятҳои намоён дар соҳаи адабиёт ва санъат дода мешавад. Бо қарори Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон  ва Совети Вазирони  Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон (2 январи 1963, № 2) таъсис ёфтааст. Адади Мукофот 3-то ва ҳаҷми ҳар яки он 2500 сӯм мебошад. Ба правленияҳои иттифоқҳои нависандагон, рассомон, композиторон, меъморон ва кинематографистони республика ҳуқуқ до­да шудааст, ки беҳтарин асарҳоро ба Мукофот пешниҳод намоянд, Асарҳои ба Мукофот пешбаришударо Комитет Мукофоти Рӯакии назди Совети Вази- рони Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон  муҳокима карда, дар бораи додани Мукофот қарор мебарорад. Қарори Комитет дар бораи додани Мукофот арафаи иди Инқилоби Октябр (7 ноябр) дар матбуот ба табъ мера- сад. Ба шахсоне, ки сазовори Мукофот гаштаанд, дипломи махсус ва нишони фахрии «Лауреати Мукофоти Рӯдакӣ» (ки дар рӯяш симои Рӯдакӣ акс ёфтааст) дода мешавад. Мукофот ба ҳар шахс як маротиба дода мешавад. Аввалин лауреат Мукофот Мирзо Турсунзода буд (1963, барои достони «Ҷони ширин»). Инҳо Мукофот гирифтаанд: 1964 — Ҷалол Икромӣ барои ро­мани «Духтари оташ»; Мирсаид Миршакар, И. Филимонова, В. Мотыль, В. Середин барои кинофилми «Бачагони Помир»; Г. Мансуров, М. Солиев, А. Ёқубов барои ороиши Театри ба номи Александр Сергеевич Пушкини шаҳри Ленинобод. 1965 — Г. Завқибеков барои офаридани образи қаҳрамонони ком­мунист дар филмҳои «Одам пӯсташро иваз мекунад», «Фидоиён», «Давраи осоишта» ва образи М. Фрунзе дар спектакли «Ҳуррият»; А. Шукӯҳӣ барои силсилаи сурудҳои ли­рикӣ. 1967 — А. Бобоқулов барои маҳорати баланди сарояндагӣ; М. Олимов барои офаридани намояи ба услуби кундал ороишёфта; В. Державин барои тарҷумаи осори бадеин шоирони классик ва советии то­ҷик; Ф. Муҳаммадиев барои повестҳои «Одамони кӯҳна» ва «Дар он дунё»; Б. Раҳимзода барои китоби шеърҳои «Роҳи тайшуда»; М. Собирова, М. Бурдонов барои иҷрои партияҳои балет. 1970 — Раҳим Ҷалил барои романи «Шӯроб»; А. Бурҳонов ба­рои иҷрои роли Владимир Илич Ленин дар спектаклҳои «Одами милтиқдор», «Соати бурҷи Кремл», «Тӯфон», «Ҳуррият»; Ш. Сайфиддинов барои оҳанги сурудҳои «Республикаи ман», «Васфи партия», «Оҳиста, Сталин­град», «Роҳи Мақбара». 1972 — Ғ. Абдулло барои песаҳои «Ҳуррият», «Сарбозони инқилоб»; Б. Файзуллоев, Ф. Шаҳобов, Ш. Соҳибов, В. Бе­ляев барои навиштан ва тартиб до­дани китоби панҷҷилдаи мусиқии классикии тоҷик — «Шашмақом»; Б. Кимиёгаров, Д. Худоназаров, Б. Ба­таев, М. Водидов, Ҳ. Гадоев барои филмҳои бадеии «Достони Рустам ва Сӯҳроб». 1978 — Фотеҳ Ниёзӣ барои романи «Хар беша гумон мабар, ки холист»; Г. Сулаймонова барои ки- тоби шеърҳои бачагонаи «Себи хубон» ва «Чилкокули бознигар». 1979 — Шералӣ Лоиқ барои китоби «Хоки Ватан» ва силсилаи шеърҳои «Илҳом аз «Шоҳнома»; Т. Фозилова ба­рои офаридани силсилаи образҳо дар театри ба номи А. Лоҳутӣ. 1980 — 10. Акобиров барои романи «Норак»; 3. Бадриддинова барои офаридани сӯзаниҳои хушзебе, ки дар онҳо портретҳои Владимир Илич Ленин, Леонид Илич Бреж­нев, Садриддин Айнӣ, Мирзо Тур­сунзода акс ёфтаанд, инчунин ба­рои сӯзаниҳо ба шарафи 50-солагии барпо шудани Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР, 50-солагии барпо шудани Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон  ва Партияи Коммунистии Тоҷикистон; Т. Собиров барои филмҳои бадеии «Марги судхӯр», «Хиёнат», «Фошкунӣ», «Зан аз ҷои дур», «Вохӯрӣ дар дараи марг», собитқадамона ҳал кардани мавзӯи таърихию револютсионӣ; Мумин Қаноат (Қаноатов) барои достоин «Гаҳвораи Сино». М.укофот аввал ҳарсола буд, аз соли 1965 сол дар миён дода мешавад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …