Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУКОФОТ

МУКОФОТ

premiyaМУКОФОТ (арабӣ CjMMU — подош ва сазои амал) дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР, 1) шакли қадр намудани хизматҳои шоёни меҳнаткашон дар соҳаҳои истеҳсолот, илм ва маданият, кори ҳарбӣ, спорт, инчунин фаъолияти ҷамъиятию сиёсӣ ва ғайра. Асосан хелҳои зернини Мукофот мавҷуд аст: унвонҳои олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ва дигар унвонҳои фахрӣ, орденҳо, медалҳо, грамотаҳои фахрӣ ва дипломҳо, бо нишонҳо мукофотонидан, ба Китоби фахрӣ, лавдаҳои фахрӣ навиштан, супоридани Байрақи Сурхи сайёр ба ғолибони мусобиқаи сотсиалистӣ ва ғайра (нигаред низ Мукофоти ленинӣ, Мукофоти давлатии Иттифтқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР, Мукофотҳои байналхалқии ленинӣ Барои мус­таҳкам намудани сулҳи байни халқо», Мукофоти ба номи Фирдавсӣ, Мукофоти ба номи Ҷавоҳирлол Неҳру, Мукофоти комсомоли ленинӣ), Мукофоти давлатии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ, Мукофоти давла­тии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино ва ғайра 2) Шакли аз ҷиҳати моддӣ ҳавасмандгардонии коргарону хизматчиён. Ду хели системаи Мукофот маъмул аст: а) музди меҳнат, б) ҳавасмандгардонии моддӣ аз ҳисоби даромади иловагӣ. Мукофотҳо ба қисмҳои зерин ҷудо мешаванд: ҷ о р ӣ (дар давоми сол мувофиқи натиҷаи меҳнати коргарон дода мешавад), якбора (барои иҷрои ин ё он кори муҳим ва таъҷилӣ), солона (Мукофотест, ки ба коргарон дар охири сол дода мешавад). Мукофот дар баланд бардоштани Самара ва интизоми меҳ­нат, ҳавасмандгардии маънавии одамон кӯмак мерасонад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …