Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҚИМОИ ШЕРОЗӢ

МУҚИМОИ ШЕРОЗӢ

nophotoМУҚИМОИ ШЕРОЗӢ    (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири эронӣ. Дар асри 17 зиндагӣ кардааст. Бо пешаи хайётӣ рӯз мегузаронид ва ба шеъру шоири шавқу ҳанаси зиёде дошт. Девонаш то замони мо нарасидааст, вале ашъори парокандааш дар таазкираву баёӯзҳо дарҷ гардидааст. Дар пайравии шоирони маснависарои форс-тоҷик достоин «Юсуф ва Зулайхо»-ро назм кардааст. Мавзӯи ашьори парокандаи ӯ шикоят аз носозиҳои замона ва ҳасби ҳол, ишқ ва ғайра аст. Намунае аз шеъри Муқимои Шерозӣ:

Якчанд ба қайди нангу ном афтодам,

 Чанде ба забони хосу ом афтодам,

 Бадномонро ташт бияфтод аз бом,

 Ташгам чу набуд, худ зи бом афтодам.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …