Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУХТОРОВ Аҳрор

МУХТОРОВ Аҳрор

muhtorov_ahrorМУХТОРОВ Аҳрор (таваллуд 5.11.1924, шаҳри Ӯротеппа), муаррихи советии тоҷик, доктори илмҳои таърих (1971). Аъзо-корреспондент Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон  (1978).

Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС аз соли 1952. Баъди хатми мактаби миёна солҳои 1939—41 аввал донишчӯи факултети коргарӣ, баъд институти муаллимии Душанбе. Солҳои 1941—42 муаллими мактаби миёна, 1942—47 дар сафҳои Армияи Советӣ. Соли 1951 факултети таърихи Институти давлатии педагогии Душанберо хатм кард ва то соли 1955 муаллим ва аспиранти ҳамин институт буд. Аз соли 1954 дар Академияи Фанҳо низ кор карда, аз соли 1959 мудири сектори таърихи асрҳои миёнаи Институти таърихи Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон  аст. Тадқиқоти Мухторов масъалаҳои мухталифи таърихи асрҳои миёнаи хал-қи тоҷикро дар бар мегирад. Ӯ садҳо ҳуҷҷатҳои таърихӣ, ёдгориҳои эпиграфиро, ки барои омӯхтани таърихи муносибатҳои истеҳсолии феодалӣ ва ҳаракатҳои халқӣ дар Осиёи Миёна қимати калони илмӣ доранд, ба нашр тайёр кард. Мухторов олими шаҳир ва шореҳи номӣ буда, яке аз муаллифони китоби дарсии «Таърихи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон » барои мактабҳои олӣ ва миёна, асари сеҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» мебошад. Зиёда аз 25 асар ва 150 мақолаи илмӣ, илмию оммавӣ таълиф кардааст. Мухторов иштирокчии конгрессҳои XXV (Москва), XXVI (Ҳиндустон) байналхалқии шарқшиносон, Конгресси XIII муаррихон дар Москва ва 3 кон-ференсияи байналхалқии ЮНЕСКО оид ба маданияти Осиёи Марказӣ (1968 — Душанбе, 1969 — Самарқанд, 1972 — Ашқобод) мебошад. Бо 3 медал ва Грамотаи Фахрии Президиума Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон  мукофотонида шудааст.

Асос: Материалы по истории Ура-Тюбе Сборник актов XVII—XIX ввеков. (составил, А Мухторов), Москва, 1963; Очерк истории Ура -Тюбинского владения в XIX века, Душанбе, 1964 Резьба по дереву в долине Зарафшана, Москва, 1966; Дильшод и ее место в истории общественной мысли таджикского народа в XIX — начале XX вв., Душанбе, 1969; Позне-средневековый Балх (к исторической топографии города в XVI—XVIII вв.), Душанбе.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …