Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУХТОРИЯТ

МУХТОРИЯТ

muhtoriyatМУХТОРИЯТ (аз арабӣ— ихтиёр кардашуда, соҳибихтиёр), ҳуқуқи худидоракунӣ, ҳалли мустақилонаи масъалаҳои давлатӣ дар доираи ҳуқукҳои худ. Мухторияти советӣ натиҷаи Револютсияи Октябр аст. Дар территорияи баъзе республикаҳои иттифоқи ғайр аз миллатҳое, ки номи онҳо ба республика гузошта шудааст, дигар халқҳои гурӯҳҳои миллӣ якҷоя зиндагӣ менамоянд, ки онҳо бо хусусиятҳои хоси тараққиёти хоҷагӣ, маишат аз мада-нияташоп фарқ мекунанд. Онҳо соҳиби Мухторият (автономия) мебошанд. Мухторият— мустақилона ба амал баровардани ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии насли дохилӣ, ташкили органҳои ҳокимияти худ, суд, маъмурият, мактабҳо, муассисаҳои ҷамъиятию сиёсӣ, маърифатӣ ва ғайра. мебошад. Мухторияти советӣ инкишофи озодонаи миллатҳоро таъмин намуда, шакли миллии давлатдориро дар назар дорад, ки дар доираи он худмуайянкунии миллат ба ҳаёт гузаронида мешавад. Мухторияти советӣ миллӣ мебошад, яъне дар асоси ба назар гирнфтани бутунии муайяни иқтисодӣ, хусусиятҳои таркиби миллӣ ва маишӣ дар территорияҳои муайян ташкил карда мешавад. Вай бо гуногунии шаклҳои худ фарқ дорад. Дар байни онҳо республикаҳои автономӣ , вилоятҳои автономӣ ва округҳои автономӣ ҳастанд.

Дар Мухторияти советӣ ҳамаи органҳои ҳокимияти давлатӣ, идоракунии давлатӣ, суду прокуратура аксаран аз ашхоси миллату халқиятҳои таҳҷоӣ иборат буда, чун қоида ба забонҳои миллие, ки Мухториятро ташкял кардаанд, кор мебаранд. Муҳимии ин принсип аз он иборат аст, ки барои инкишофи маданияти миллӣ шароити ҳаматарафа муҳайё мекунад. Мухторияти советӣ шакли с и ё с и в у маъмурӣ дорад. Мухторияти сиёсӣ дар давлатӣ автономияи миллӣ (республикаи автономӣ) таҷассум ёфта, дорои ҳуқуқҳои васеъ, конститусия, органҳои олии ҳокимияти давлатӣ ва ғайра мебошад. Мухторияти маъмурӣ (вилояти автономӣ, округи автономӣ) танҳо ба доираи идоракунӣ дахл дорад, ки кафолати ҳуқуқии онҳоро қонуни махсус («Қонун дар бораи вилояти автономӣ», «Қонун дар бораи округи автономӣ») муайян мекунад. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР алҳол дар 5 республикаи иттифоқӣ (Республикаи Сосетии Федеративии Сотсиалистии Россия, Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон, Республикаи Советии Сотсиалистии Гурҷистон, Республикаи Советии Сотсиалистии Озарбойҷон ва Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон) 38 воҳиди территориявии автономӣ — 20 республикаи автономӣ, 8 вилояти автономӣ, 10 округи автономӣ мавҷуд аст.

Конститусияи нави Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР аввалин бор дар таърихи қонунгузории конститусионии советӣ бо мавқеи ҳуқуқии Мухторияти советӣ боби махсус бахшид, ки ин аз ҳаётӣ будани идеяҳои ленинии Мухторият ҳамчун воситаи нашъунамо ва наздикшавии минбаъдаи миллатҳо шаҳодат медиҳад.

Адабиёт: Конститусияи (Қонунии асосии) Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ, Душанбе, 1977: Конститусияи сотсиализми мутарақкӣ, Душанбе, 1979.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …