Маълумоти охирин

МУХТОР Асқад

asqad_muxtorМУХТОР Асқад (таваллуд 23.12.1920, Фарғона), нависандаи советии ӯзбек. Аз оилаи коргар. Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС аз соли 1954. Соли 1942 факултети филологияи Университети давлатии Осиёи Миёнаро хатм намудааст. Мудири кафедраи адабиёти ӯзбеки Институти давлатии педагогии Андиҷон (1942—45), котиби масъули газетаи «Ёш ленинчӣ» ва «Қизил Узбекистона (1945—48). Котиб (1953) ва ҷонишини раиси Правленияи ИН Узбекистон (1965), солҳои 1960—65 муҳаррири журнали «Шарқ юлдузи», 1969—81 муҳаррири журнали «Гулистон». Асарҳояш аз соли 1938 нашр мешаванд. Достони аввалинаш «Авлоди мо» соли 1939 ба табъ расидааст. Мавзуи синфи коргарро тадқиқ кардааст: достони «Пӯлодрез» (1947), маҷмӯаи ашъори «Ҳамватанони ман» (1949), маҷмӯаи очеркҳо ва ҳикояҳои «Шаҳри пӯлод» (1950) ва газетаи Романи «Хоҳарон» (1954, тарҷумаи тоқикӣ 1961 ба иштироки фаъолонаи зани ӯзбек дар саноати бофандагӣ ва пешрафту ташаккули маънавии вай бахшида шудааст. Иштироки ҷавонон дар яке аз сохтмонҳои бузург дар ромави «Тавлид» (1961) инъикос ёфтааст. Дар романи «Чанор» (1969, Мукофоти давлатии Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон ба номи Ҳамза, 1973) таърихи халқи ӯзбек дар мисоли тақдири як хонавода акс ёфтааст. Дар «Қиссаи қароқалпоқӣ» (1958) ва достони «Абадзинда» (1969) Мухтор ба мавзӯи таърихии револютсионӣ муроҷиат карда, ташаккули характери қаҳрамононро нишон додааст. Романи «Давр дар қисмати ман» (1964) аз ҷиҳати мавзӯъ ва услуб дар адабиёти советии ӯзбек ҳодисаи нав мебошад. Мухтор дар инкишофи адабиёти бачагонаи ӯзбек низ саҳми арзанда дорад: маҷмӯаи песаҳои «Ба некӣ — некӣ» (1949), шеърҳои «Аз самими қалб» (1956), ҳикояҳои «Бачагони дунё» (1962) ва ғайра. Муаллифи якчанд мақолаҳои адабии танқидӣ. Ба забони ӯзбекӣ асарҳои Александр Сергеевич Пушкин, Михаил Юревич Лермонтов, Максим Горкий, В.ладимир Владимирович Маяковский, Тарас Григоревич Шевченко ва дигарро тарҷума кардааст. Асарҳояш ба забони халқҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР ва хориҷӣ тарҷума гардидаанд. Бо 2 орден ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …