Маълумоти охирин
Главная / Техника / МУХҲАРРИКИ АВТОМОБИЛ

МУХҲАРРИКИ АВТОМОБИЛ

muharriki-avtomobilМУХҲАРРИКИ АВТОМОБИЛ, муҳаррике, ки барои ба ҳаракат овардани автомобил хизмат мекунад (му­ҳаррики дарунсӯз, дизел ва ғайра) Муҳаррики автомобил 4, 6, 8 ва 12-силиндра мешавад, ки онҳоро қатор ё V-шакл ҷойгир мекунанд. Поршенҳои муҳаррикҳои дарунсӯзи карбюраторӣ аксар аа хулаҳои алюминий  ва поршенҳои дизел аз ҷӯян сохта мешавад. Муҳаррики автомобили замонавии аз шарораи электр афрӯзанда 4-такта, дизелҳо бошанд 4 ва 2-такта мешаванд. Муҳҳарик асосан аз механизму системаҳои зерин иборат аст: 1) механизми кривошипу шатунӣ, ки ҳаракати пешравандаю бозгардандаи поршенро ба ҳаракати чархзании зонунавард табдил медиҳад; 2) механизми тақсимоти газ, ки силиндрро бо махлути кори (ё ҳаво) таъмин карда, газҳои сӯхтаро хориҷ мекунад; 3) системаи хунукк у н ӣ, ки деталҳои тафсидаи муҳаррикро хунук карда, ҳарорати онҳоро дар савияи матлуб нигоҳ медорад; 4) системаи равғанмолӣ, ки ҳамаи деталҳои соишхурандаи муҳаррикро равған карда, мӯҳлати ко­ри онҳоро дароз мекунад; 5) сис­темаи таъминот, ки дар му­ҳаррики карбюраторӣ  (ниг. Карбюратор) махлути корӣ тайёр карда, он­ро ба силиндр дохил мекунаду дар дизелҳо бошад, камераи сӯзиши силиндрро бо сузишворӣ ва ҳаво таъ­мин менамояд; 6) с и с т е м а ф р у з и ш, ки дар муҳаррики карбю­ратора махлути кории даруни силиндрро меафрӯзад (ниг. Афрузиш).

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …