Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУХҲАММАДИ ХОРАЗМШОҲ

МУХҲАММАДИ ХОРАЗМШОҲ

nophotoМУХҲАММАДИ ХОРАЗМШОҲ Муҳаммад ибни Такаш (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1220), шоҳи Хоразм (1200—1220). Муҳаммади Xоразмшоҳ бо мақсади мустаҳкам намудани иқтидор ва ва­сеъ кардани сарҳади давлати Хоразмшоҳиён сиёсати падарро давом дода, бар зидди Қарокидоиён, Аббосиён ва Ғуриен ҷангид. Соли 1207 бо баҳонаи пахш намудани шӯриши Малик Санҷар Бухороро ишғол намуд. Шикаст додани Қарокидоиёя обрӯю эътибори Муҳаммади Хоразмшоҳро дар тамоми Мовароуннаҳр афзуд. Ӯро дар ҳуҷҷатҳои расмӣ «Искандари дуюм» ё «Султон Санҷар» меноманд. Муҳаммад Xоразмшоҳ барои мустаҳкам кардани мавқеи худ дар Мовароуннаҳр амр кард, ки тамоми ҳокимони боқимондаи қарохонии вилоятҳои ҷу­догонаи Осиёи Миёна қатл карда шаванд. Муҳаммади Xоразмшоҳ сиёсати забткориро дар Шарқ давом дода, бо найманҳои Кучлукхон, ки собик мулки Қарокидоиёнро ба даст дароварда буданд, ҷан­гид. Ӯ дар ҳамон солҳо Эрону Афғонистонро забт кард ва аз халифа талаб намуд, ки номаш ба хутба дохил карда шавад. Ҳамин тавр, давлати Хоразмшоҳиён дар давраи ҳукмронии Муҳаммади Xоразмшоҳ хеле васеъ гардида, сарҳади он дар Шарқ то Ҳафтрӯд, дар Ғарб то баҳри Каспий, дар Шимол то баҳри Арал, дар Ҷануб то Ироқ расид. Аммо дар ин давлати бузург ягонагӣ вуҷуд надошт ва бо зури қувваи ҳарбӣ идо­ра карда мешуд. Асоси қушунҳои давлатро қабилаҳои қипчоқҳо ташкил мекарданд. Тороҷгариҳои қушунҳо дар вилоятҳои забтшуда кинаю адовати халқро бар зидди ҳукумати Хоразмшоҳиён зиёд мекард. Бинобар он вакте ки ҳуҷуми муғулҳо (1219) бо сардории Чингизхон сар шуд, давлатро ҳама якдилона мудофиа накарданд ва муғулҳо қушунҳои ӯро торумор намуда, Мовароуннаҳр ва тамоми давлати Хоразмшоҳиёнро забт карданд. Муҳаммади Xоразмшоҳ ба Эрон гурехта, дар яке аа ҷазираҳои ҷанубии баҳри Каспий вафот кард

Ад.: История таджикского народа, т. 2, ки. 1. М., 1964.

Л. Ҷалилов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …