Маълумоти охирин

МУҚАРНАС

mukarnasМУҚАРНАС (арабӣ пурнақшу нигор), навъи нақшест, ки асосан барои ороиши косаи гунбаз ва калламуқарнас (бошаи сутун) истифода мешавад. Хоси меъмории Осиёи Миёна ва Шарқ буда, дар асрҳои 7—8 пайдо шудааст. Давраи авҷи инкишоф ва мавқеъ гирифтани он ба асрҳои 15—17 рост меояд. Муқарнас вобаста ба мавриди истифода хеле мураккаб мешавад. Агар нақш дар атрофи як марказ баста шавад, онро калламуқарнас меноманд (бештар дар ороиши сутун). Он бо чунин усул тартиб дода мешавад: миқдори муайяни ғӯлача серӯя тарошида шуда, дар як рӯяш нақши меҳробӣ мекананд ва ин ҷузъро «қошуқ» меноманд. Ин «қошуқ»-ҳо мувофиқи нақшаи пешакӣ бо тартиби муайян дар чанд қатор (3—5 ва зиёда) чида мешаванд. Калламуқарнаси ҳосилгашта ба сари сутун мустаҳкам карда мешавад. Муқарнасро инчунин дар ороиши пӯшиши нимгунбазии меҳроб таҳмон ё равоқҳои асосашон 4,6, 8-қира истифода мебаранд. Дар ин ҷо ҳам композитсияи умумӣ ба порчаҳои баробар (8, 10, 12, 16 ва ғайра) тақсим шуда, порчаи аввал ҳамчун намуна кабул шуда, порчаҳои дигар такрори дақиқи ҳамин нусха мебошанд (аз ҳам ҳеҷ фарқ намекунанд). Муқарнас дар нақшунигор ва амали кандакории (гаҷ, санг, чуб) устодон Бухоро, Самарканд, Шаҳрисабз, Ӯротеппа, Исфара ва ғайра хеле расм шуда буд. На-мунадҳои нодири Муқарнас дар мадрасаҳои Мири Араб, Абдулазизхон (Бухоро); Мадрасаи Улуғбек, Гӯри Мир, ансамбли Шоҳи Зинда (Самарканд); масҷиди Шайх Муслиҳуддин (Ленинобод), масҷидҳои Исфара, Ӯротеппа ва ғайра вомехӯранд. М. Рӯзиев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …