Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУҚАННАЪ

МУҚАННАЪ

nophotoМУҚАННАЪ (соли таваллуд номаълум — вафот 783), лақаби Ҳошим иб-ни Ҳаким — пешвои шӯриши халқҳои Осиёи Миёна ба муқобили исти-логарони араб ва феодалону ашрофони маҳаллӣ. Дар яке аз деҳаҳои Марв дар оилаи косиб ба дунё омадааст. Дар ҷавонӣ козур будааст. Бино ба маълумоти Нартахӣ фаъолияти сиёсиаш дар аҳди Умавиён cap шудааст; яке аз сарҳангҳои Абумуслим буда, дар шӯриши ӯ ба муқобили Умавиён иштирок доштааст; илмҳои замони худ, аз ҷумла амали афсунгарӣ, чашмбандиро нағз омӯхта, аз шахсони маърифатноки замон будааст. Муқаннаъ дар солҳои 50 асри 8 ҳамчун тарғибкунандаи таълимоте ба майдон баромад, ки он ба ақидаҳои маздакия асос ёфта буд. Муқаннаъ халқро ба муборизаи фаъолона баҳри бартараф кардани нобаробариҳои сиёсию иҷтимоӣ ва ҳукмронии аҷнабиён даъват менамуд. Муқаннаъро барои тарғиби ии ақида ҳукуматдорони араб солҳои 60 дастгир карда, ба яке аз зиндонҳои Бағдод партофтанд. Муқаннаъ баъди чанд сол аз маҳбас гурехта, ба Марв омад. Дар ин ҷо ӯ тарғиби ақидаҳои худро давом дода, тарафдорону ҳаммаслакони зиёде пайдо кард. Соли 776 содиқтарин тарафдорони худро ба деҳаю шаҳрҳои Мовароуннаҳр фиристода, халқро ба муборизаи мусаллаҳи зидди феодалҳою ашрофони маҳаллӣ ва истилогарони араб даъват намуд. Муқаннаъ дар худи ҳамин сол бо 36 нафар тарафдорони наздикаш аз дарёи Аму ба Суғд гузашт ва дере нагузашта дар ин ҷо ва баъдтар дар саросари Мовароуннаҳр ба ҳаракати халқӣ роҳбарӣ намуд. Нигаред низ Исёни Муқаннаъ.

Адабиёт: Айнӣ Садриддин., Исёни Муқаннаъ. Очерки таърихӣ-тақиқӣ, сталинобод, 1944; Наршахий М., Бухоро тарихи, Тошкент, 1966; История таджикского народа, том 2, книга 1, Москва., 1964; Гафуров Бабаджан Гафурович Б.Г., Таджики. Древнейшая, дреняя и средневековая история, Москва., 1972.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …