Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУҚАДДАСИ Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Аҳмад

МУҚАДДАСИ Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Аҳмад

nophotoМУҚАДДАСИ Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Аҳмад (946/47, Бай-тулмуқаддас — 1000), сайёҳ, муаррих ва географӣ араб. Дар бораи ӯ маъ-лумоти тарҷумаиҳолӣ кам аст. Муққадаси ба мамлакатҳои Шарқ борҳо сафар карда, соли 985 асари «Аҳсан-ут-тақосим фӣ маърифат-ул-ақолим» («Беҳтарин тақсимот дар маърифати иқлимҳо»)-ро таълиф намуда, ба хонадони Со-мониён тӯҳфа кардааст. Асар аз муқаддима ва ду фасл иборат аст. Фасли 1 тавсифи умумии давлатҳои Шарқ, фасли 2 тавсифоти таърихию географии Хуросон, Систон ва Мовароуннаҳрро дар бар мегирад. Муқаддаси дар он роҷеъ ба мавқеи ҷуғрофии давлатҳо, вилоятҳо ва шаҳрҳо (Бухоро, Самарқанд, Марв, Хуҷанд), ёдгориҳои меъмории онҳо (Мадрасаҳо, масҷидҳо, корвонсаройҳо, бозорҳо) ва ғайра маълумоти нодир гирд овардааст. Дар китоб инчунин дар бораи урфу одат, тарзи зиндагӣ, либос, машғулият (деҳқонӣ, ҳунармандӣ, чорводорӣ, тарзи обёрӣ), ченаки дарозӣ, воҳиди пул, дин, забонҳои халқҳои Осиёи Миёна (суғдиён, хоразмиҳо, форсҳо, туркҳо ва ғайра) маълумоти пурқимате мавҷуд аст. Нусхаҳои алоҳидаи асар дар китобхонаҳои Берлин, Истамбул ва Москва маҳфузанд. Соли 1877 китоб аз тарафи шарқшинос де Гуе дар Лейден ба забони немисӣ тарҷума ва нашр гардид.

Адабиёт: Материалы по истории туркмен и Туркмении, том 1, Москва—Ленинград, 1930. А. Валиев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …