Маълумоти охирин
Главная / Илм / Муҷтас

Муҷтас

Номи яке аз баҳрҳои фаръии арӯз. Ин баҳрро барои он Муҷрим меноманд, ки шакли мусаддаси онро аз хафиф барканда гирифтаанд. Шакли мусаддаси рукнҳои Муҷрим ва рукнҳои солими баҳри ҳафиф ба ҳам монанд буда, фақат аз ҷихати тартиби ҷойгириашон фарқ мекунанд. Агар дар ҳафиф рукни мустафъилун дар байни ду фоилотун омада бошад, дар Муҷрим рукни мустафъилун дар аввал оварда мешавад. Барои сохтани дигар навъҳои Муҷрим аз рукни мустафъилун зиҳофҳои махбун—мафоилун; марфуъ — фонлун ва аз рукни фоилотун зиҳофҳои махбун — фоилотуи; махбуни мақсур — фаилон’ махбуби ‘ маҳзуф — фаилун; машкул фаило­ту; мақтӯъ (аслам)— фаълун; мақтӯи (аслам) мусаббағ — фаълон; мушаас — мафъӯлун; маҷҳуф — фа; маҷхуфи мусаббаг — фоъ истифода мешаванд. Дар натиҷаи омозиши зи- ҳофҳон рукнҳои солими Муҷрим шаш навъи вазни он дар шакли мусамман ҲОСИЛ мешавад. Шаклҳои мусаддасу мураббаъ, инчунин шакли солими Муҷрим (мустафъилун/фоилотун/ мустафъилун/фоилотуш) мустаъмал нагардидаанд. Муҷрим дар адабиёти форс- тоҷик аз баҳрҳои серистеъмол буда, аксари шоирони гузаштаю имрӯзаи мо дар ин баҳр шеъри зиёде гуфтаанд. Мисолҳо барои Муҷрим : Муҷримии мусаммани махбун: (V—V—/V V            /V—V—/VV ) Кадом гул, ки ба хубӣ зи боғ руста барояд, Миён ба хидмати ту бандавор баста барояд.                                                                 (Айнӣ). Муҷримии мусаммани махбуни мақсур: (у_у—/VV     /V—V—/Vv~) Дило на ишқ, на оташ, на офтобу замин, Надорад ин ҳама қувват, ки халқ бо Ленин.                                                               (М. Раҳимӣ). Муҷримии мусаммани махбуни мақтӯъ: (V—V—/VV /V—V—/       ) Мушавваш аст дилам аз карашмаи Салмо, Чунон ки хотири Маҷнун зи турраи Лайло. (Рӯдакӣ). Ад.: Б е р т е л  с Е. Э., Грамматика персидского языка., Л., 1926; Б а ҳром Сирус, Арӯзи тоҷикӣ. Д., 1963; Зеҳнӣ Т., Санъати сухан. Д., 1979; Картинки по запросу Старинный папирус

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …