Маълумоти охирин
Главная / Илм / Муҷириддини Байлақонӣ

Муҷириддини Байлақонӣ

Муҷируддини Байлақонӣ Абулмакорим (соли таваллудаш номаълум — вафот байни 1190 -1193), шоири форс-тоҷик. Аз оилаи камбағал. Таҳти роҳбарии Хоқонӣ дар Шервон илми адаб омухтааст. Дар дарбори илдигизиён Муҷириддини Байлақониро ба ифшои сирри давлат айбдор мекунанд, вале осебе расонда наметавонанд. Баъдтар аз дасти ғаниме дар ҳаммом кушта шудааст. Аз эҷодиёти Муҷириддини Байлақонӣ танҳо як де­вон мондааст, ки онро ба се тақсим кардан мумкин. Қисми 1 — қасидаҳое, ки дар сабки хуросонӣ бо як ҳиссиёти баланд бо забони васеҳу равон эҷод шудаанд. Қисми 2—қасидаҳое, ки шоир тақлидан ба услуби мураккабу душворфаҳми қасидаҳои Ҳоқониву Абдулвосеи Ҷабалӣ гуфтааст ва асосан аз мадҳ, васфи ошиқу маъшуқ, ишқ ва манзараҳои табиат иборатанд. Қисми 3 — «дар мазаммати дунё» буда, аз шеърҳои ҳузнангез ва эътирозомез иборат аст.

Масалан:

Фалак чароғ дар ангушт карда мегардад,

Ки ганҷи хонаи умри ту чун кунад яғмо.

Бикуш ба оҳи саҳаргоҳ чароғашаз паи он,

Ки дузд сахт ҳарис асту хона пурколо.

На вақти такяву хоб асту мор бар болин.

На ҷои нузҳату айш асту марг бар боло!

Ад.: Адабиёти форсу точик дар асрҳои XII—XIV, Д., 1976.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …