Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Мӯъҷам-ул-Булдон

Мӯъҷам-ул-Булдон

«Мӯъҷам- ул-Булдон» асари 10-ҷилдаи географ ва сайёҳи асри 13 Ёқути Ҳамавӣ, ки соли 1224 бо ёрй ва ҳамкории олим, файласуф ва муррихи араб Ибни Қифтӣ таълиф шудааст. Муаллиф дар навиштани «Мӯъҷам- ул-Булдон» зиёда аз 50 асари олимони Юнон (Афлотув, Пифагор, Батлимус), географҳои Шарқ (Ибни Хурдодбеҳ, Ибни Возеҳ, Абузайди Балхӣ) ва дигаранро истифода бурдааст. Мундариҷаи ин асар аз муқаддима.

5 боб, қисми луғат ва қисми таъри­хи иборат аст. Муаллиф дар муқаддима оид ба географу сайёҳони қадим ва асримиёнагӣ, мероси илмии онҳо сухан ронда дар бораи омилҳое, ки барои найдоиш ва инкишофи адабиёти географии apaб кӯмак расондаанд, маълумот медиҳад. Бо­би 1 асар доир ба шаклҳои Замин назарияҳои бисёреро дар бар мегирад, ки онҳо ба маълумотҳои географияи математики асос ёфтаанд. Боби 2 асосан ба шарҳу эзоҳи системаи маъмӯли ба иқлимҳо ҷудо кардани маҳалҳо бахшида шуда, инчунин бурҷҳои осмонӣ, мамлакатҳои зери ин бурҷҳо баҳс мекувад; боби 3 ба истилоҳу номҳои геогра­фияи астрономӣ; боби 4 ба таснифоти мухтасари маҳалҳои гуногуни дар тасарруфи арабҳо буда бахшида шудааст; боби 5 маълумотномаи таърихии ноҳияҳои алоҳида, тақсимоти давлатҳо ва тавсифи аҳолии онҳоро дар бар мегирад. Дар қисми луғати асар истилоҳҳо аз рӯи алифбо ҷой дода шуда, ҳар кадом эзоҳи таърихӣ, географӣ, астрономӣ ва фи­лологию этнографии худро доранд. Қисми таърихии асар ба таърихи шахрҳо, аҳолӣ, олимону донишман- дони онҳо ва урфу одати сокинони ин маҳалҳо оид аст.

Ад.: Крачковский И. Ю., Избр. соч., т. 4; М.— Л., 1957; Ҳ и к м а т у ллоев X., Шоисломов Ш.,Ёқут Ҳамавий, Тошкент, 1965.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …