Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУИНУДДИН МАҲМУДИ НАҚШБАНДӢ

МУИНУДДИН МАҲМУДИ НАҚШБАНДӢ

personМУИНУДДИН МАҲМУДИ НАҚШБАНДӢ ибни Хоҷа Хованди Махмуди Алавии Ҳусайнӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), фақеҳ ва донишманди асри 17 тоҷик. Доир ба ҷараёни  зиндагиаш маълу­моти кофӣ нест. Дар Бухоро таваллуд ёфта, ба камол расидааст. Аз рӯи маълумоти сарчашмаҳо шахси бомаърифат будааст. Тақрибан солҳои 1657—61 дар Ҳиндустон зиндагӣ кардааст. Аз пайравони ҷараёни нақшбандия буд. Ягона мероси ил­мии ӯ «Фатво-ул-нақшбандия» (номи дигараш «Хазоин-ул-фиқҳи-уд- Муиния» — «Хазинаҳои фиқҳи Муин») соли 1659 ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. Асари мазкур асосан аз шарҳи фиқҳи мазҳаби ҳанифин иборат аст. Муаллиф дар як фикри худро бо далел исбот намуда, барои тасдиқи ақидаҳояш беш аз 24 асари фақеҳони форс-тоҷик, арабу туркро истифода намудааст. «Фатво-ул- нақшбандия» аз 56 боб иборат буда, дар як боб шарҳ ва ҳалли ин ё он масъаларо дар бар мегирад. Муҳимтарин бобҳои он: никоҳ, эътиқод, ширкат, вақф, ҳаволат, кафолат, шаҳодат, ваколат, иқрор, даъвӣ, му- нозира, сулҳ, салоҳ, шароит, ғасб, қисмат, қатл, фароиз ва ғайра мебошанд.

Мероси Муинуддин  Маҳмуди  Нақшбандӣ  барои омӯзиши таърихи илми ҳуқуқшиносии тоҷик, татбиқи қонунҳои шариат дар ҳаёти онрӯза, ошкор кардани моҳияти иртиҷоии он аз аҳамият холӣ нест. Асари Муинуддин  Маҳмуди  Нақшбандӣ  дар Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон зери рақами 7952, 9177 маҳфуз аст.

Адабиёт: Собрание восточных рукописей Академия Наук Узбекиской Советской Социалистической Республики, том 8, Ташкент, страница 325— 329.

У. Назиров.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …