Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУЪИНИ МУСАВВИР

МУЪИНИ МУСАВВИР

nophotoМУЪИНИ МУСАВВИР (соли таваллуд ва вафот номаълум), мусаввир ва хаттоти асрҳои 16—17 форс-тоҷик, яке аз намояндагони Мактаби минетури Исфаҳон. Санъатҳои нафисаро а в вал аз соҳибҳунарони зодгоҳаш Исфаҳон ва баъд аз мусаввирӣ машҳури замонаш Pизо Аббосӣ омӯхтааст. Муъини Мусаввир чанд муддат дар китобхонаи салтанатии Сафавиён ҳамчун котиб бо устодаш Ризо Аббосӣ ҳамкорӣ карда аст. Хусусан дар минётурнигорӣ ва портреткашӣ маҳорати баланд дошта, усдуби Ризо Аббосиро пайравӣ кардааст. Аз асарҳои машҳури Муъини Мусаввир як нусхаи китобати «Шоҳнома» (дорои чор минётур) ва портрети Ризо Аббосӣ (1672), дар Китобхонан Юлдузи Истамбул ва Китобхонан миллии Париж маҳфузанд. А. Раҷабов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …