Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Мӯҳташами Кошонӣ

Мӯҳташами Кошонӣ

Мӯҳташами Кошонӣ Мавлоно Камолуддин (соли таваллуд номаъ­лум — вафот 1587, Кошон), шоири эронӣ. Дар Кошон камоли касб кард. Мероси адабии то ба замони мо расидаи Мӯҳташами Кошонӣ. аз девони ашъор, рисолаҳои “Ҷалолия” ва “Нуқли ушшоқ”  иборат аст. Девони ашъори ӯ қасоиду ғазалиёт, марсияҳову маснавиёт ва қитъаоту рубоиётро дар бар ме- гирад. Дар байни осори боқимовдаи Мӯҳташами Кошонӣ марсия мақоми махсус дорад. Марсияи дувоздаҳбанди ба шакли таркиббанд навиштаи ӯ аввалин марсия дар ин навъи шеър аст. Минбаъд шоирони бисёр дар пайравии ӯ таркиббанд гуфтаанд. Шоир дар сохтани моддаҳои таърих ва ашъоги рамзӣ ҳам маҳорат доштааст. Маҳорати ӯ, махсусан, дар таълифи ғазалҳои шӯрангези ошиқона равшан мегардад. Шоирони замонааш ва давраҳои минбаъда дар пайравви ӯ ғазал гуфтаанд. Мӯҳташами Кошонӣ бар хилофи аксари шоирони аҳди Сафавиён, ки ашорашанро ба сабки ҳиндӣ менавиштаанд,  ғазалиёти худро ба саб­ки шуарои қадим эҷод кардааст. Рисолаҳои «Ҷалолия» ва «Нуқли ушшоқ»-и Мӯҳташами Кошонӣ намунаи насри омехта ба наам мебошанд.

А. Ллимарбонов.

Н (эн), ҳарфи понздаҳуми алифбои ҳозираи тоҷикист, ки аз алиф­бои русӣ гирифта шуда (1940), овози ҳамсадои димоғии певгизабонии зичро ифода мекувад ва шакли ва нашишти чопиаш Нн, дастнависаш Н н мебошад. Дар алифбои арабиасоси тоҷики (то 1930) Нунном дошта, ба шаклиن

ифода мешуд. Дар алифбои лотиниасоси тоҷики (1930—1940) шакли чопиаш Nn, дастнавbсашNnбуд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …