Маълумоти охирин
Главная / Биология / Мӯҳрадорҳо

Мӯҳрадорҳо

Мӯҳрадорҳо, косасарон (Vertebrata б Craniota), ҳайвонҳои хордодор; яке аз муташаккилтарин гуруҳҳои гуногуни ҳайвонот. Мӯҳрадорҳо (40—45 ҳазор намуд) нисбат ба бемӯҳрагон (1,25—1,45 млн намуд) кам бошанд ҳам, дар ҳаёти биосфераи ҳо­зира аҳамияти калон доранд. Мӯҳрадорҳо аз рӯи хусусиятҳои мутобиқӣ ва шаклҳои ҳаётӣ хеле гуногунанд Гуногунии навъҳои мутобиқӣ ва шаклҳои ҳаётии Мӯҳрадорҳо на танҳо дар байни гурӯҳҳои калони таснифотӣ (гирддаҳонҳо, моҳиҳо, обхокиҳо, хазандаҳо, паррандаҳо, ширхӯрҳо), инчунин дар дохили гуруҳҳо низ мушоҳида ме­шавад. Ин на танҳо ба дараҷаи баланди инкишофу мураккабии сохти Мӯҳрадорҳо, инчунин ба қобилияти баланди ба шароити гуногуни ҳаёт мутобиқ, шуда тавонистани онҳо (аз даъри уқёнус то қуллаҳои баланди кӯҳу биёбонҳои беоб) алоқаманд аст.

Пайдоиши Мӯҳрадорҳо. Аҷдодони М.— хордадорони дараҷаи паст (лифофа- дорҳо, беҷумҷумаҳо) дар баҳрҳо ҳа­ёт мебурданд. Мӯҳрадорҳо дар обҳои ширин ба вуҷуд омада, аввалин зинаҳои эволютсияи онҳо дар об гузаштааст. Скелети асосии якумини онҳо хорда ба мӯҳра (номи онҳо низ дар ҳамин аст) мубаддал шуд. Дар натиҷа мушакҳои пурқуввати Мӯҳрадорҳо дорои такягоҳи ҷанш ва пурзур гаштанд, ки барои ба таъсири обҳои тезҷараён ва шароити номусонд устувор будани онҳо имконият медод. Барои чунин кори босуръати системаҳои ҳаракат инкишофи узвҳои ҳозима, нафаскашӣ, гардиши хун ва ихроҷ, инчунин аъзои ҳиссу системаи асаби марказӣ зарур буд. Ин баъди ба хушкӣ баромадани Мӯҳрадорҳо ва бо ёрии пой ҳаракат кардани онҳо боз ҳам заруртар гардид. Дар узвҳои ҳозима (меъда, сурхрӯда, рӯда ва ғайра) «конвейер»-ҳои махсуси ферментҳои ҳо­зима ба вуҷуд омаданд, ки хӯрокро муттасил ҳазм мекунанд. Ҷигар, ки як навъ “лаборатория”и мураккаби химиявист, дар Мӯҳрадорҳо вазифаҳои гуногунро иҷро менамояд. Дили калони сермушаки Мӯҳрадорҳо аз якчанд қисмҳои асосӣ (пешдил, меъдача) ва иловагӣ (синуси венагӣ, конуси артериявӣ) иборат аст. Системаи гардиши хуни Мӯҳрадорҳо сарбаста аст. Аъзои нафаси Мӯҳрадорҳои обӣ (беҷоғон, моҳӣ) ғалсама буда, Мӯҳрадорҳои хушкигард бошад, бо шуш нафас мекашанд.

Системаи асаби Мӯҳрадорҳо аз майнаву ҳароммағз иборат буда, бо сохти найчавии худ, ки миқдори зиёди ҳуҷайраҳои асаб (нейронҳо) доранд, аз системаи асаби бемуҳрагон фарқ, мекунад. Майнаи Мӯҳрадор нисбат ба систе- маи асаби марказии бемӯҳрагон хеле мураккаб аст. Серҳаракатӣ, фаъолӣ ва мураккабшавии рафтори Мӯҳрадор боиси инкишофи сохт ва вазифаҳои аъзои ҳис гардид. Мӯҳрадорҳо бо муҳит тавассути узвҳои биноӣ, шунавоӣ, ломса, шомма ва дигигар механоресепторҳо ва терморесепторҳои мураккаби муташаккил алоқаманданд. Баъзе Мӯҳрадор аъзои хосси электрӣ ва маг­нитӣ. (моҳиёни электрӣ) доранд. Мӯҳрадорҳо одатан ҷудоҷинсаанд; узвҳои ҷинсӣ (тухмдон ва моя) аксар ҷуфт буда, дар бисёр моҳиҳо гермафродитизм (хунсоӣ) ҷой дорад. Мӯҳрадори дараҷаи паст одатан тухм мегузоранд. Зиндазоӣ дар хамаи гурӯҳҳои Мӯҳрадорҳо (ба ғайр аз доирадаҳонҳо ва паррандаҳо) мушоҳида мешавад ва дар ширхӯрҳо шакли асосии афзоиш ба шумор меравад.

Мӯҳрадорҳои қадим, боқимондаи онҳо аз таҳнони обанборҳои давраи ордо­вик ёфт шудааст. Инкишофи баланди системаи ҳаракат ва такмили ме­таболизм ба онҳо имконият дод, ки дар баҳрҳоо васеъ паҳн гарданд. Зиндагии Мӯҳрадорҳо дар ҳама гуна обанборҳо (аз ҷумла дар обанборҳои камоксиген) баров ба хушкӣ баромадани онҳо имконият дод.  Хазандагони давраи мезозой барои ширхӯрҳо (дар триас) ва паррандаҳо (дар юра) ибтидо гузоштанд.

Мӯҳрадорҳои замани ҳозираро ба гирддаҳонҳо (Cuclas tomata), моҳиҳо (Pis­ces), обхокиҳо (Amphibia), хазандаҳо (Reptilia), паррандаҳо (Aves), ширхӯрҳо (Mammalia) ҷудо мекунанд.

Дар Тоҷикистон аз моҳиҳо 50, обхокиҳо 2, хазандаҳо 44, паррандаҳо 350, ширхӯрон 82 намуд паҳн гаштааст. Якчанд намудҳои моҳӣ ва ҳайвонҳои муинадор — калламӯши обӣ (ондатра), қундузи обӣ (нутрвв) ва гавани холдор ба республика аз ноҳияҳои дигар оварда шудааст. Аҳамияти Мӯҳрадорҳо дар ҳаёти одам ва биогеосе­ноз калон аст. Аксари ҳайвонҳои хонагӣ ва саноатӣ мӯрадорхоанд (ниг. Чорводорй, Парвариши ҳайвоноти ваҳшӣ, Хоҷагии шикор). Дар баробари ин бисёр ҳайвонҳои мӯҳрадор (ширхӯрҳо, парравдаҳо, ха­зандаҳо, моҳиҳо ва ғайра) ба хоҷагии халқ зарар мерасонанд (ниг. Ҳайвонҳои зараррасон) ё паҳнкунандаи касалиҳои сироятӣ (тоун, вабо, энсефалитҳо ва ғайра) ба шумор мераванд. Баъзеи Мӯҳрадорҳо заҳрдоранд (ниг. Ҳайвонҳои заҳрдор).

Ад.: Берг Л. С., Система рыб, М.— Л., 1940; Шмалгаузеи И. И., Про­исхождение наземных позвоночных. М., 1064; Наумов С. П., Зоология позво­ночных, М., 1973.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …